14.9 C
Dushanbe

Ҳикояти як сайёҳи эронӣ аз боздошту зиндонӣ ва озодияш дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта Нозанин Мутеӣ, сайёҳи эрониро бо ҷурми доштани шаш гули хушки кукнор барои 5 солу ду моҳ зиндонӣ карданд, аммо пас аз 9 моҳ бо дахолати Эмомалӣ Раҳмон ӯ озод шуд.

Ин сайёҳи эронӣ саргузашти 9 моҳи зиндон буданашро ба расонаҳои Эрон шарҳ дода, аз он чи ба сараш дар Тоҷикистон мақомоти қудратӣ оварданд, аз қабили талаби ришваву бадрафторӣ ҳамаро муфассал нақл кардааст.

Ӯ мегӯяд, дар аввал бо қасди гардишгарӣ аз чанд кишвар мехоста боздид кунад. Сафари худро аз Покистон оғоз карда ва аз онҷо ба Афғонистон рафтааст. Нозанин мехоста, ки пас аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз ин кишвар ба Узбекистону Туркманистон низ сафар кунад ва сипас ба кишвараш баргардад.

Аммо ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон дар марз ба далели доштани 6 дона гули хушки хашхош (гули кукнор) ӯро боздошт карда, алайҳи ӯ бо ду иттиҳом: қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир парвандаи ҷиноятӣ боз карданд. Ӯ мегӯяд, гули хашхош дар ҳеч кишваре ғайриқонунӣ нест ва намедонист, ки дар Тоҷикистон он ғайриқонунӣ аст. Ба гуфтаи худаш, пас аз 6 моҳи дар боздошгоҳи муваққатии шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) будан, ӯро бо ҳукми додгоҳ барои 5 солу 2 моҳ аз озодӣ маҳрум карданд.

Ӯ нақл мекунад, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Бохтар ҳама навъи ҷинояткор аз дузду одамкушу қочоқчӣ ва ғайра ҳама бо ҳам бидуни тафкик дар якҷо ҷамъ карда мешаванд.

Ин сайёҳи эронӣ мегӯяд, дар боздошгоҳи муваққати маркази вилояти Хатлон имконоти тозагӣ ва беҳдоштӣ умуман вуҷуд надошт, ҳатто, ба гуфтаи ӯ, тирезаи асосӣ зиндон шиша надоштааст, ки “дар зимистон ҳаво зиёд сард буд ва дар тобистон ҳаво гарм мешуд.”

Нозанин мегӯяд: “Мо маъмулан дар як ҳафта як маротиба ҳаммом мекардем, аммо дар зимистон бо баҳонаи қатъ шудани барқу набудани оби гарм се ҳафта нагузоштанд ҳаммом кунем.”

Ӯ дар ин ёддошти худ таъкид мекунад, ки Тоҷикистон на танҳо аз нигоҳи иқтисодӣ аз ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ пастрафтаст, “ҳатто аз нигоҳи фарҳангӣ ҳам кишвари қафомонда маҳсуб мешавад.” Ва ба ин далел ришва дар ин кишвар хеле рушд кардааст.

“Ҳатто баъдан огоҳ шудам, ки имкон доштааст дар ҳамон лаҳзаи аввал дар марз бо додани 50 ва ё 100 доллар мушкилиям тамом бишавад.”, – мегӯяд ин сайёҳи эронӣ.

Тибқи ривояти ин зан, чун кор бузургтар шуда буд, аз тариқи вакилаш барои озодии ӯ мақомоти тоҷик 20 ҳазор доллар талаб карда будаанд. Вале, ӯ мегӯяд, ман нахостам барои 6 дона гули хушк 20 ҳазор доллар ришвар бидиҳам ва мехостам тибқи қонун рафтор бишавад, вале то рафт парванда бузургтар мешуду мушкилот меафзуд.

Ва ниҳоятан сафири нави Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ бо худи Эмомамлӣ Раҳмон қазияи Нозанинро ба миён гузошта, гуфтааст, ки 6 дона гули хушки хашхош ва он ҳам дар ҳоле, ки намедонистааст дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, набояд одам зиндонӣ бишавад ва озодии ӯро талаб кардааст. Сипас Эмомалӣ Раҳмон авфи ӯро имзо карда ва ӯро озод кардаанд.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, дар низоми диктотурии мутлақи Тоҷикистон инсонҳои зиёде бо иттиҳомоти сохтаи мақомоти тоҷик пушти панҷараҳои зиндон қарор доранд. Ва тақдири аксари онҳо, бахусус зиндониёни сиёсӣ, рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеа, вакилони дифоъ ва чеҳраҳои маъруфи кишвар шахсан ба дасти худи Эмомалӣ Раҳмон ҳал мешавад. Агар ӯ бигӯяд, касе зиндонӣ шавад, бегуноҳтарин инсонро барояш парванда сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунанд ва агар ӯ озод кардан хоҳад, қонун барои муҷримтарин инсон ҳам коре када наметавонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо "рейд" гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.