Бозии Эрону Амрико. ИМА бозиҳои ФИФА-ро ҳам низомӣ карданист?

Бо наздик шудани соати бозии футбол байни дастаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фазои майдони бозӣ низомӣ ва сиёситар мешавад.

Тасвир аз Эътимодонлайн

Имрӯз, 29-уми ноябри соли 2022 дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол севумин даври бозиҳо байни дастаҳои мунтахаби миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ва Ҷумҳурии исломии Эрон (ҶИЭ) дар Қатар баргузор мешавад.

Ба иттилои “Эронинтернешнл”, сухангӯи Иброҳим Раисӣ, Президенти Эрон гуфтааст, “барои тими миллии футбол подошҳоеро федератсияи футбол ва давлат дар назар гирифта, ки бахше ҳам тақдим шудааст. Агар имшаб шоҳиди бозии муваффақе бошем, боз ҳам бодошҳои дигаре дар ихтиёри азизон қарор хоҳад гирифт ва давлат тамомқад пуштибони тими миллӣ аст.”

Аз сӯи дигар гузориши расонаҳои эронӣ ҳокӣ аз он аст, ки имшаб, қарор аст ҳудуди 5 ҳазор нафар аз нерӯҳои амрикоии муқими пойгоҳи Алъадидаи Қатар барои пур кардани сафи мухлисони мунтахаби миллии ИМА бо либоси ягона вориди майдон мешаванд.

Биноан, бархе коршиносони эронӣ ворид шудани ин теъдод аз афроди низомипӯшро дар майдон фоли хуб намедонанд. Ба гуфтаи онҳо, ба ҷои он, ки бозӣ бояд ҳамчун як намуди варзиш ба дур аз сиёсат сурат бигирад, вале ин дафъа дар баробари ҳамроҳ шудани сиёсат вуҷуди низомипӯшҳо раванди онро пеш аз оғоз ҳассостар кардааст.

Ба гуфтаи Евронюс, ин бозӣ ба он хотир “ҳассос” хоҳад буд, ки аз замони вуқуи инқилоби исломӣ дар Эрон ва ишғоли сафорати Амрико дар Теҳрон ҳамвора равобити Эрону Амрико танишзо буда ва ба ҳамин иллат бозиҳои варзишӣ ҳам беш аз тамоми рақобатҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Бар ҳамин асос, бемуносибат набуд, ки дидори Эрону Амрико дар Ҷоми ҷаҳонии 1998 дар Фаронса барои муддатҳо мусобиқаи қарн хонда мешуд.

Гуфта мешавад, ин бозии “ҳассос” байни тими миллии мутхаби Эрон ва Армрикоро натанҳо дар Теҳрон ва Вошенгтон интизоранд то бибинанд поёнаш чӣ мешавад, балки тоҷикистониҳои зиёде низ барои дидани ин бозӣ дар гӯшаву канори дунё интизор нишастаанд, то дар сурати пирӯзӣ барои мунтахаби милии футболи Эрон кафкӯбӣ кунанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.

Дар роҳ ба сӯи Эрон 17 нафар аз ташнагӣ ҷон бохтанд

Дастикам 17 муҳоҷири афғон, аз ҷумла занону кӯдакон, ҳангоми талоши расидан ба Эрон дар роҳ бар асари ташнагӣ ҷон бохтанд.

Аз танишҳои лафзӣ байни Русия ва Лаҳистон то ҳушдори амниятӣ

Пас аз изҳори назари вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский дар бораи ҷанги Русия ва Украина таҳдидҳои лафзӣ байни Маскав ва Варшава шиддат гирифтааст.

Дар Русия мехоҳанд шумори кӯдакони хориҷиро дар мактабу кӯдакистонҳо маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шумори кӯдакони хориҷӣ дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва коллеҷҳо аз 25 дарсади хонандагон зиёд набошад.