Афзоиши бесобиқаи содироти сангу металҳои гаронбаҳо, камбуди шадиди асъор дар бонкҳо, коҳиши воридот, иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии буҷа бо вуҷуди афзоиши ҷалби қарзу грант ба он ва дигар нишондиҳандаҳое, ки дар ин авохир расонаӣ мешавад, дарак аз воридшавии Тоҷикистон ба як бӯҳрони шадид медиҳанд.
Ҳоло ҳеҷ касе ба ин ки бӯҳрон дар кишвар ҷараён дорад шаке надорад, аммо мо дар кадом марҳалаи ин бӯҳронем ва он кай идома хоҳад кард?
Қаблан таъкид карда будем, ки Тоҷикистон аз коруно бештар аз ҷанги шаҳрвандӣ (дар ҳисоби маблағ) зарар хоҳад дид ва ваъда ҳам бар ин буд, ки рӯзе онро бо тафсири бештар шарҳ диҳем. Ҳарчанд бинобар набудани фурсат ин кор ба тӯл кашид, аммо чун дар ин муддат ҳаводиси зиёде ба вуқӯъ пайвастанд, бад нест дубора ба ин масъала баргардем.
Яке аз ҷолибтарин, аз назари банда, маълумотҳои дар ин муддат нашршуда ин буд, ки ҳаҷми коҳиши иқтисоди ҷаҳон аз пешбинии иқтисодшиносони сатҳи авали ҷаҳонӣ хеле бештар буд ва ин назария ҳам ба вуҷуд омад, ки бозгашт ба рушди дубора метавонад бамаротиб тӯлонитар аз он чи пешбинӣ шуда буд бошад. Тоҷикистон ҳам аз он истисно нест ва пешбинии зарари бештар аз ҷанги шаҳрвандиро метавон бо итминон ба самти боло пеш бурд. Аммо чун мафҳуми “бештар” абстрактист, ба он даст намезанем.
Чанд рӯз қабл Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки иқтисоди Тоҷикистон имсол аз таъсири вируси коруно ҳудуди 2 милиард доллар зарар хоҳад дид. Агар инро асос қарор диҳем, пас Тоҷикистон ба ончи пешбинӣ карда будем, яъне зарари бештар аз ҷанги шаҳрвандӣ намерасад. Чун он зарар ҳудуди $7 млрд гуфта мешавад ($10 млрд.е, ки ҳоло мегӯянд як рақами сиёсишуда аст) ва агар Тоҷикистон дар соли бӯҳрони шадид 2 млрд зарар дид дар ду се соли оянда, ки таъсири бӯҳрон идома хоҳад кард, ба ҳеҷ ваҷҳ ба 7 млрд нахоҳад расид.
Вале бояд дид раисҷумҳур ин рақамро аз куҷо гирифтааст ва чаро маҳз 2 млрд.
Раисҷумҳур наметавонад арқомро аз иқтисоди ғарирасмӣ ва ё соягии кишвар гирад, чун мақомаш ба он иҷоза намедиҳад. Бинобар ин маҷбур аст онро аз ончи расмӣ аст ҳисоб кунанду хулосагирӣ намоянд. Барои мисол интиқоли пули муҳоҷирон, ки аз гардонандаи аслии иқтисоди кишвар аст, тибқи иттилоъоти расмӣ 20% камтар шудааст ва ниҳоде, ки зарари 2 миллиардиро ҳисоб кардааст маҷбур аст ба ҳамин рақам такя кунад. Ба ин ҳисоб 20%-е, ки гуфта мешавад ҳудуди 500-600 миллион доллар солона аст. Вале ин рақам воқеъӣ нест ва ба маротиб бештар аз он аст. Вақте ним ё бештар аз ними муҳоҷирони корӣ дар ватан дармондаанд ва ними дигар чанд моҳ дар карантин нишаста буданд, чӣ гуна мешудаст, ки интиқоли маблағ ҳамагӣ 20% кам шавад?
Дар ҳамин ҳол чаро сандаҳои расмӣ, чӣ ҷониби Русия ва чӣ Тоҷикистон чунин мегӯянд?
Посухи ин суол бармегардад ба ҳамон оморҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ. Ҳамон 2,5 миллиарде, ки солона интиқол меёбад ва ё 3,5-4 миллиарде, ки солҳои 2013-2014 мунтақил шуда буд, танҳо маблағҳое ҳастанд, ки тавассути бонкҳо фиристода шудаанд. Мабалағҳое, ки бо роҳҳои дигар ба Тоҷикистон мераванд ҳеҷ гоҳ ҳисоб нашудааст ва имкони оморгириаш ҳам вуҷуд надорад. То ҳол ҳеҷ ниҳоде ё маркази таҳлилие ба худ заҳмат надодааст ҳаҷми маблағҳои интиқолёбанда бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба Тоҷикистонро ҳисоб кунад.
Банда чанд сол ба интиқоли муҳоҷирон ва пулҳои онҳо сарукор доштаам ва бархе рақамҳоро назди худ дорам.
Тибқи ҳисобҳое, ки он солҳо доштам (аз соли 2001 то 2014) интиқоли ғайрирасмии маблағ ба Тоҷикистон аз интиқоли расмӣ тавассути бонк 1,5 – 2 баробар бештар аст! Яъне агар тавассути бонк 2,5 млд мунтақил шуд, метавон бо боварӣ гуфт, ки бо роҳҳои дигари ғарирасмӣ 3,5 то 5 миллиард доллар ба кишвар ворид шудааст. Яъне дар умум аз 6 то 7,5 миллиард! Ҳаҷми интиқолҳо байни ин солҳо ба нафъи бонкҳо тағйир карданд, вале ҳатто дар камтарин ҳолат ҳам он аз 1,5 баробар камтар набудааст. Аслан то соли 2005-2006 ин фарқ хеле бузург буд ва тавассути бонкҳо бахши бисёр ками пулҳо интиқол меёфтанд, аммо чун омор аз он замон бисёр кам аст ва ба мавзӯъи мо дахли чандоне надорад, аз он сарфи назар мекунем.
Чанд роҳи интиқоли маблағ бо роҳҳои ғайрирасмӣ вуҷуд дорад. Яке аз онҳо ин аст, ки муҳоҷирон пулҳои коркардаашонро бо худ мебаранд. То солҳои 2011-2012 ҳудуди 25-30 дарсадро муҳоҷирон тавассути бонкҳо фиристода, боқимондаро ё бо худ мебурданд (асосан) ё бо роҳи дигар интиқол медоданд. Баъдан бинобар камтар шудани комиссияи бонкҳо вазъ каме тағйир кард ва он то 35-40 дарсад боло рафт. Омори баъди 2015-ро мутаассифона пайгирӣ накардаам, аммо фикр намекунам, ки вазъ бештар тағйир карда бошад. Баръакс, ба ин назар бештар мутамоилам, ки бинобар бо сомонӣ пардохт шудани маблағҳои ирсолмешуда, муҳоҷирон тарҷеҳ медиҳанд асъорро бо худ баранд.
Роҳи дигари интиқол, ки аз он асосан тоҷирону соҳибкорон, бахусус воридкунандагони маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигар истифода мекунанд, “перекидка” аст. Яъне шумо маблағро дар Русия ба нафаре медиҳед ва онро дар Тоҷикистон мегиред. Бо ин роҳ маблағҳои бисёр бузурге интиқол мешаванд, ки шояд 30-40 дарсади воридот ба Тоҷикистон бо ҳамин пулҳо иҷро шаванд.
Бинобар қатъ шудани рафтуомад бо сабаби карантинҳо, муҳоҷирон ҳам дигар имкони бурдани пулро надоранд ва ҳоло аксари пулҳои ба Тоҷикистон интиқолёбанда тавассути бонкҳо мераванд. Қаблан агар он 30-40% буд, ҳоло ба 70-80% расидааст (20-30% тавассути “перекидка”). Бо ҳисоби дигар, агар қаблан бо роҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар умум 6-7,5 миллиард доллар ба Тоҷикистон ворид мешуданд, имсол он ҳамагӣ 2-2,5 миллиардро ташкил хоҳад дод. Яъне бо дарназардошти “перекидка”, ки ҳоло ҳам идома дорад, интиқоли маблағ 50-60 дарсад камтар шуда, ба Тоҷикистон 3,5-4,5 млрд камтар маблағ ворид мешавад!
Ин аст, ки бӯҳронро на таҳо буҷаи кишвар, балки фард-фарди шаҳрвандон дар пӯсти худ эҳсос мекунанд. Бо ин ҳисоб Тоҷикистон танҳо дар ду сол ва танҳо аз ҳисоби камшавии пули муҳоҷирон зарари бештар аз ҷанги шаҳрвандиро мутаҳаммил мешавад. Дар ҳоле, ки ин пулҳо бо гардишашон дар иқтисод ба ҳамон миқдор маҷмӯъаи маҳсулоти дохилиро боло мебурданд ва агар зарари ин самт ҳам ҳисоб шавад, хоҳем дид, ки суръати рукуд бамаротиб сареътар аст.
Мақомот даъвоо доранд, ки маблағи муҳоҷирон 31%-и иқтисоди кишварро мечархонад. Аз соли 2014 то 2019 интиқоли ин маблағҳо 30% кам шудааст. Агар ба даъвои мақомот бовар кунем, ин миқдор кам шудани интиқоли маблағи муҳоҷирон ҳамагӣ 10% ё камтар аз он иқтисодро заъиф мекунад. Аммо дар ин муддат бинобар афзоиши содироти барқ, семент, сангу металлҳои гаронбаҳо ва ғайра, бояд ин камбуд пӯшида мешуд ва иқтисоди кишвар ҳади ақал заъиф намешуд. Аммо мо шоҳидем, ки иқтисод ва сатҳи зиндагии мардум рӯ ба коҳиш аст.
Посухи ин масъала ҳам ин аст, ки мақомот танҳо интиқоли расмиро ба назар гирифта, онро 31% баровард кардаанд. Аммо агар интиқоли ғайрирасмӣ ба назар гирифта шавад, саҳми пули муҳоҷирон дар иқтисоди кишвар камтар аз 60% нест. Ва 30 дарсад камшавии интиқоли пул маънии $1 млрд ворид нашудан ба кишварро надошта, маънии $2-2,5 млрд-ро дорад ва он иқтисоди кишварро на 10%, балки 20-25% заъифтар мекунад.
Интиқоли ғайрирасмии пули муҳоҷирон дар якҷоягӣ бо иқтисоди соягии кишвар, ки ҳаҷми он ҳам дар умуми иқтисод 60-70 дарсад тахмин зада мешавад, боис шудаанд Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилӣ низ аз будаш бамаротиб камтар ҳисоб шавад. Ба ин масъала поёнтар бармегардем. Ҳоло биёед бубинем, ки буҳрон дар кишвар чӣ қадари дигар идома хоҳад кард.
(Идома дорад)
Аз саҳифаи фейсбукии Абдуманнон Шералиев
Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.