19.9 C
Dushanbe

Чаро Русия бо Тоҷикистон парвозҳояшро барқарор намекунад?

Рӯзи 21 сентябр парвозҳои мустақим аз Русия ба Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон ба роҳ монда мешавад, вале номи Тоҷикисон зикр нагардидааст.

Хабаргузории расмии ТАСС аз манбааш аз Ситоди мубориза бар зидди паҳншваии коронавирус хабар додааст, ки Русия парвозҳои байналмиллалияшро ба шаҳрҳои Бишкеки Қазоқистон, Нурсултони Қазоқистон ва Мински Белорус барқарор мекунад.

Инчунин Русия шурӯъ аз 27 сентябри соли равон ҳамлу нақли ҳавоияшро бо Куриёи Ҷанубӣ низ аз сар мегирад.

Ҳамзамон расонаҳои узбекӣ хабар доданд, ки ширкати ҳавонавардии Узбекистон фурӯши озоди билетҳоро барои парвозҳои чартерӣ аз Тошканд ба Маскав ба миён гузоштааст.

Вале дар мавриди оғози парвоҳо байни Русияву Тоҷикистон то ҳол маълум нест ва гуфта нашудааст, ки парвозҳои маъмулӣ кай байни ин ду кишвар барқарор мегарданд.

Чанде пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон карда буд, ки  аз 16 то 30 сентябр 71 парвози иловагӣ барои бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Русия ташкил шудааст ва ин парвозҳо бояд аз тарафи ширкати “Сомон Эйр” анҷом дода шаванд.

Бино ба гуфтаи коршиносон чунин ба назар мерасад, ки вазъи каронавирус дар Тоҷикистон чандон хуб нест ва маъмулан давлатҳо дар ҳоле бо ҳамдигар парвозҳои маъмулиро барқарор мекунанд, ки вазъи бемории ҳамагир то андозае таҳти контрол бошад. Инчунин баид намедонанд, ки Русия аз фурсат истифода бурда, мехоҳад бо ин роҳ сафи муҳоҷирони кориро аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон кам кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Эмомалӣ бо фиристодаи вижаи Трамп

Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вежаи Президенти Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор мулоқот кард.

Боз як сарбози дигар дар Тоҷикистон “худкушӣ” кард

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод пас аз ҳашт моҳи хидмат дар артиш худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохта, худкушӣ кард.

Талафоти ҷонӣ дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Дар пайи садамаҳои нақлиётии ду рӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон ду зан ҷон бохта, чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Лоиҳаи CASA-1000 ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад?

Дар шаҳри Душанбе масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаи минтақавии энергетикии CASA-1000 ва омодагӣ ба оғози марҳилаи тиҷоратии он баррасӣ гардид.