14.9 C
Dushanbe

Чаро Тоҷикистон кумакҳои ИА-ро мегираду тавсияҳояшро не?

Дар торихи 19-уми феврал миёни Тоҷкистон ва Итттиҳоди Аврупо аз тариқи маҷозӣ нишасте сурат гирифта, ки дар он робитаҳои густурдаи ду ҷониб, аз кумакҳо дар замони COVID-19 сар карда, то вазъи ҳуқуқи башару интихоботҳои порлумониву президентӣ ва ислоҳи қонунгузориҳо баррасӣ шудаанд.

Ҷаласаро аз ҷониби ИА Аугушто Сантос Силва, вазири умури хориҷии Португалия ва аз ҷониби Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин раҳбарӣ кардаанд.

Ба иттилои Комиссиюни Аврупо, дар соли 2020 ИА Тоҷикистонро ба миқдори 112 миллион доллар кӯмак кардааст, то ин маблағ ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф равона шаванд. Радои Озодӣ ношири хабар навишта, ки барномаи сабти асноди шаҳрвандӣ, коҳиши оқибатҳои бади коронавирус ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон аз самтҳое будаанд, ки бояд ин маблағҳо ба он равона мешуданд.

Бар изофаи ин ИА Тоҷикистонро боз ба маблағи 46,4 миллион еврои дигар ҳамчун кӯмаки иловагӣ барои ҳалли мушкилоти аввалиндараҷа дар давраи пандемияи коронавирус кумак кардааст.

Мақомоти тоҷик дар ин ҷаласа аз Иттиҳоди Аврупо барои ҳамаи ин кумакҳои молӣ дар давраи буҳрони коронавирус сипосгузорӣ кардаанд. Аммо вазъи ҳуқуқи башар ва баргузории интихоботҳои Тоҷикистон ҳанӯз бад боқӣ монда. ИА даъват мекунад, ки Тоҷикистон эътибори дастовардҳоро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, аз ҷумла иштироки сиёсӣ баланд бардорад.

Даъвати ИА бо такя ба гузоришҳои ниҳоии ҳайатҳои САҲА, Дафтари инистутҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба арзёбии интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2020 аз Тоҷикистон гирифта шуда аст. Дар ин гузоришҳо раванди умумии ҳарду интихоботи Тоҷикистон дар соли 2020 мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Бино ба хулосаи ин гузоришҳо, ин маъракаҳои сиёсӣ боиси эҷоди як ҳукумати худкома ва фазои маҳдуди сиёсӣ ва бидуни оппозитсия гашт. Интихоботи парлумонӣ ҳам аз президентӣ беҳтар набуд ва тибқи гуфтаҳо дар ин гузоришҳо, аз интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамчун ноозод ва хилоф бо меъёрҳои демократӣ ва набуди алтернативаи воқеӣ интиқод шудааст. Интихоботи президентии 11 октябр бошад “бидуни алтернативаи воқеӣ” номида шуд.

OSCE/ODIHR, дар гузорише, ки 29 январи соли 2021 вобаста бо интихоботи президентии Тоҷикистон нашр кард, мегуяд:

“Интихоботи президентӣ дар фазои таҳти назорати шадиди мақомоти давлатӣ баргузор шуд ва фазои интихоботӣ баёнгари маҳдудиятҳои дарозмуддати ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдӣ, аз ҷумла, озодии маҷлис, бан, матбуот, озору пахши садои мухолифон баргузор шуд”.

Дар хулосаи OSCE/ODIHR омадааст, ки “барои овоздиҳандагон ҳеҷ як алтернативаи воқеӣ пешниҳод нашуд” ва “қонун президенти амалкунандаро дар мавқеи бартариятдошта нисбат ба дигар номзадҳо гузошта буд”.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон Раҳмонро бо қабули қонуни пешво аз салоҳияту ҳуқуқҳои хос бархурдор кард, ки чунин ҳуқуқро ҳиҷ шаҳрванди дигар ҳатто дар сурати раисҷумҳур шудан ҳам нахоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол талошҳои Тоҷикистон барои кумак дар барқарории сулҳи Афғонистон, нақши “созандааш дар СММ дар масоили дипломатияи об ва тағйри иқлим” ислоҳот дар бархе аз соҳаҳо, аз ҷумла, машваратҳо дар доираи Кодекси нави андоз , ба зарурати пешрафт дар фазои соҳибкорӣ ва ҷалби сармояҳо аз ҷониби Брюссел истиқбол шуда аст.

Талоши ҷорӣ кардани муҷозот дар Кодекси ҷиноӣ дар заминаи хушунати хонаводагиро низ ИА истиқбол кардааст. Ин масъала яке аз доғтарин мушкилоти соли 2019 буд , бино ба арзёбиҳои Human Rights Watch “аз ҳар панҷ зан дар Тоҷикистон як нафараш хушунат мебинад”.

Аммо нуктаи асоси ин нишаст он буда, ки дар сурати пешрафти Тоҷикистон “дар ҳалли мушкилоти бисёр муҳим” ин кишвар метавонад ба барномаи имтиёзноки Иттиҳоди Аврупо бо номи GSP+ пазируфта шавад.

Абдумалик Қодиров ба Радиои Озодӣ чи будани GSP+ ро шарҳ дода мегуяд, ки GSP+ ё худ Низоми умумии имтиёзҳо ҳангоми содир кардани молу коло ба кишварҳои аврупоӣ” – механизми содаест, ки мегӯяд: “агар Тоҷикистон мехоҳад, ки фоида гирад, пас ҳукумати он бояд ба ҳуқуқи шаҳрвандонаш эҳтиром гузорад, бо фасодкорӣ муборизаи беамон барад, шароит барои соҳибкориро беҳ кунад”.

“Вале савол ин ҷост, ки то куҷо ҳукумати Тоҷикистон қодир аст дар амал ин шартҳоро пиёда созад (дар коғаз, албатта, ҳама чиз иҷрошаванда аст). Махсусан дар самти риояи ҳуқуқи инсон, озод кардани маҳбусҳои сиёсӣ, муборизаи воқеӣ бо фасодкорӣ. Оё хостаҳои роҳбарияти кишвар барои беҳсозии муҳити соҳибкорӣ метавонад муқобилияти шадиди лашкари фасодкоронро шикаст диҳад? Таърихи то ба имрӯзи Тоҷикистон ба ин савол ҷавоби манфӣ медиҳад”, – гуфт Абдумалик Қодиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи дипломатҳои урупоӣ чунин ҳамоишҳо ҳар соле се маротиба дар сатҳи вазирони хориҷаи ду тараф баргузор мешавад. Иттиҳоди Аврупо аз шарикони муҳими Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, аз солҳои 2014 то 2020 Тоҷикистонро 227 миллион евро кумак кардааст ва ин маблағҳо ба бахшҳои маориф, беҳдошт ва рушди деҳот равона шудаанд. Аммо то куҷо Тоҷикистон дар сарфи ин маблағҳо шаффоф буда, маълум нест, чун оморе дар сарфи кумакҳоро дастраси ҷомеъа намекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.