Чин ба Тоҷикистон 300 миллион медиҳад

Тоҷикистон барои иҷрои бархе барномаҳои худ аз давлати Чин 300 миллион пул кумаки бебозгашт хостааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Ҳукумати Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои мухталиф аз давлати Чин 300 миллион юан (ҳудуди 40,7 миллион доллар) кумаки бебозгашт дарёфт хоҳад кард.

Ба қавли манбаъ, 5-уми июли соли ҷорӣ вақте раиси ҷумҳури Чин бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуда буд, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон чунин дархости кумакҳоро аз мақомоти Чин карда буд.

Пеш аз ин Хадамоти матбуоти Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар бораи имзои шудани чанд созишнома байни Тоҷикистон ва Чин хабар дода буд, вале он замон дар бораи ҷузъиёти ин кумакҳо ва дигар дархостҳои Душанбе аз Пекин ва ҷузъиёти онҳо чизе гуфта нашуда буд.

Ҳамзамон зикр шудааст, ки тибқи талаботи ин санадҳо баҳисобгирии муҳосибӣ тибқи қоидаҳои Бонки давлатии рушди Чин бояд сурат бигирад ва мунтазам вазъи ҳисобҳо ба ҳукуматҳои ҳарду кишвар гузориш дода шавад.

Гуфта мешавад, дар бораи кай ва дар кудом рӯзу моҳ ин маблағҳоро Тоҷикистон таҳвил бояд бигирад, чизе гуфта нашудааст, аммо таъкид гардида, ки ин маблағҳоро Бонки давлатии рушди Чин ба Бонки миллии Тоҷикистон бо юани чинӣ интиқол медиҳад.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар маҷмӯъ Тоҷикистон 38,2 дарсад аз ҳаҷми умумии кумакҳои башардӯстонаи хориҷиро аз Чин дарёфт кардааст. Чин дар байни дигар давлатҳо дар ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон – майдони рақобати Эрон ва Исроил

Гузориши "Эрон Интернешнл" аз ъумқи нуфузи ҷосуси Исроил дар сохтори молӣ ва низомии Эрон хабар медиҳад.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 нисбат ба кишварҳои ҳамсоя сусттар хоҳад буд

Бино ба гузориши нави Конфронси савдо ва рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD), иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ метавонад 6,6 дарсад рушд кунад.

Қонуни нави муҳоҷират дар Тоҷикистон: оё мушкилоти муҳоҷирон ҳал мешаванд?

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд раванди муҳоҷиратро рақамӣ карда, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кориро тақвият ва сатҳи муҳоҷиратро коҳиш диҳанд.

Манъи ҳиҷоб дар мактабҳо Озабойҷон баҳсҳои навро ба миён овард

Дар Озарбойҷон пас аз ҷорӣ шудани қоидаҳои нави либоси мактабӣ, масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ баҳсбарангез шудааст.