Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои ҳалли мушкили партовҳои пойтахт суръат мебахшанд. Намояндагони кишвар ва роҳбарияти ширкати чинии Wangneng Environment бори дигар мавзӯи сохтмони корхонаи коркарди партовҳои сахти маиширо дар шаҳри Душанбе баррасӣ карданд.

Дар рафти ин мулоқот, ки рӯзи 30 июл тавассути видеоконфронс бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода баргузор шуд, ҷонибҳо лоиҳаи табдили партов ба қувваи барқро муҳокима намуданд.

Тибци иттилоъи Вазорати энергетика ва захираҳои об, фаъолияти ин корхона бар асоси сӯзонидани партов ва истифодаи ҳарорати он барои иҷрои ду вазифаи асосӣ нигаронида шудааст: Истеҳсоли энергия – тавлиди қувваи барқи «сабз» аз ҳарорати партовҳо ва беҳтар кардани экология – табдили системаи идоракунии партовҳои маишӣ ва солим гардонидани муҳити зисти пойтахт.

Гуфта мешавад ин аввалин музокироти ҷонибҳо нест — робитаҳо дар ин самт чанд моҳи охир идома доранд. Мрҳи май Далер Ҷумъа ва Баҳодур Шерализода дар шаҳри Душанбе бо роҳбарони Wangneng Environment мулоқоти рӯбарӯ анҷом дода, имкони сохтани чунин марказро муҳокима карда буданд. Ибтидои июн Баҳодур Шерализода дар чорчӯбаи Намоишгоҳи марказиосиёии экологӣ дар Самарқанд аз гӯшаи намоишии ин ширкат дидан намуд.

Дар намоишгоҳ, аъзои ҳайати Тоҷикистон бо технологияҳои пешрафтаи ширкати чинӣ — аз ҷумла коркарди партовҳои маишию хӯрокворӣ, тоза кардани обҳои оқоба (сточные воды) ва коркарди хокистару осӯзтаҳо шинос шуда буданд.

Ширкати Wangneng Environment Co., Ltd. (штаб-квартирааш дар шаҳри Хуҷоуи вилояти Чжэҷзяни Чин) яке аз пешсафони соҳаи коркарди партов ва истеҳсоли энергия мебошад. Соҳаҳои асосии фаъолияти он сӯзонидани партови маишӣ, коркарди чархҳои кӯҳнаи автомобилӣ ва тозакунии обро фаро мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.