28.9 C
Dushanbe

Ҷон бохтани муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Сургути Русия

Як муҳоҷирбачаи тоҷикистонӣ дар шаҳри Сургути Русия аз болои ошёнаи панҷум афтода ҷони худро аз даст додааст.

Субҳи имрӯз, 1-уми ноябри соли 2022 наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар бораи марги як муҳоҷири тоҷикистонӣ бо номи Саидшариф Кенҷаев нақл мекунад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Саидшариф Кенҷаев ҳамчун коргар дар сохтони як бинои баландошёна кор мекард ва дирӯз, 31-уми октябри соли ҷорӣ ҳангоми “маналит” рехтан аз болои ошёнаи панҷум ба замин афтодааст.

Дар навори нашршуда, дида мешавад, ки пас аз ба замин афтодан дар иҳотаи дигар муҳоҷирон ва коргарони ин сохтмон қарор дорад ва бо сахтӣ нафас мекашад. Инчунин дида мешавад, ки яке аз ҳамкоронаш болои сари вай истода калимаи шаҳодатро ба ӯ талқин мекунад.

Аз сӯи дигар, дар ин навор дида мешавад, ки бархе аз ҳамкоронаш, ки дар тан либоси корӣ доранд, дар бораи дер кардани мошини ёрии таъҷилӣ суҳбат мекунанд ва ба гуфтаи яке аз шоҳидон дар он ҳолат “муҳоҷиронро воҳима зер карда буд ва ба ҷои он, ки ба ӯ ёрии аввалияи тибби расонанд, аз тарс чӣ кор карданашонро надонистанд.”

Гуфта мешавад, ки Саидшариф Кинҷаев, зодаи ноҳияи Рушти Тоҷикистон буда, оиладора ва соҳиби ду фарзанд буд. Онҳо якҷо дар Русия зиндагӣ мекарданд.

Инчунин наздиконаш мегӯянд, ки дар назар аст шоми имрӯз ҷасади ӯро аз тариқи парвози Сургут-Хуҷанд ба Тоҷикистон интиқол диҳанд ва сипас ба зодгоҳаш ноҳияи Рашт бурда, ба хок супоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.