Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро имзо кард. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки бо қабули ин қонун фасод зиёдтар ва мушкилоти даъват ба хидмати ҳарбӣ ҳал нахоҳад кард.
Ҳуқуқшиноси тоҷик Ҷамшед Ёров бар ин назар аст, ки бо қабул шудани ин қонун сатҳи фасод ва қаллобӣ дар комисариатҳои ҳарбӣ ва вазорати корҳои дохила кам намешавад, ва “облава” боқӣ мемонад. Зеро ин як манбаи иловагии даромад барои мақомоти фасодзада мебошад.”
Ҳукумати Тоҷикистон арзиши хидмати “алтернативӣ”-и ҳарбиро барои наваскарон муайян намудааст. Нархи ин навъи хидмати сарбозӣ 25 ҳазор 200 сомониро (420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондиҳанда дар ҳоли ҳозир 60 сомонӣ мебошад) ташкил дода, маблағ метавонад вобаста ба тағирёбии нишондиҳандаи ҳисобҳо иваз шавад.
Ҷамшед Ёров мегӯяд, ки мафҳуми “хизмати алтернативӣ” вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ҳуқуқшинос дар Тоҷикистон 3 навъи хизмати ҳарбӣ мавҷуд аст: якум хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок (2 сол), дуюм – хизмати ҳарбии ихтиёрӣ (контрактник) ва севум хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ мебошад, ки маҳз қонун ва ҳамин тағйирот ба ҳамин навъи хизмати ҳарбӣ дахл дорад.
Сомонаи “Your.tj” рӯзи 16-уми август хабар дод, ки ин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба ин қонунро Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 30-юми июл имзо карда буд, вале он нав дастраси расонаҳо шуд.
Тибқи ин қонун наваскарон метавонанд бо пардохти маблағи муқараршуда, ба ҷои 2 сол хидмати ҳарбӣ, як моҳ аз омӯзиши босуръати ҳарбӣ гузаранд.
Ҷавононе, ки пули ин навъи хидмати ҳарбиро пардохт мекунанд, вале дар мавсими омӯзиши босуръати ҳарбӣ ба онҳо ҷой намерасад, дар мавсими дигар ба хидмати якмоҳа фаро гирифта мешаванд. Касоне, ки пулро месупоранд, ба хидмати ҳарбии муҳлатноки 2-сола даъват намешаванд.
Тоҷикистон қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро дар поёни моҳи январи имсол ислоҳ кард ва мувофиқи он мафҳуми хидмати “алтернативӣ” ҷорӣ шуд.
Касоне мехоҳанд хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ анҷом диҳад, аввал ариза ба номи комисариати ҳарбии ҷои истиқомат навишата, дар муддати то 5 рӯзи корӣ расиди маблағи супурда шударо бояд пешниҳод кунанд. Дар ғайри ин сурат, номи онҳо аз феҳристи таҳия шуда ҳазф мешавад ва онҳоро ба хидмати ҳарбии дусола мефиристанд.
Тибқи тағйироти нав, ҳамаи мардони синни сарбозӣ (18-27) ӯҳдадоранд, ки дар артиши Тоҷикистон хидмат кунанд, аз ҷумла донишҷӯёне, ки қаблан аз хидмати ҳарбӣ озод буданд. Онҳое, ки донишгоҳро хатм кардаанд ва дар кафедраи ҳарбӣ таълим гирифтаанд, дар артиш 1 сол хидмат хоҳанд кард. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.
Минбаъд танҳо шахсоне ба ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, мубориза бо коррупсия, гумрук ба кор қабул карда мешаванд, ки хидмати ҳарбӣ карда бошанд.
Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хизмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунад, ки ин амали мақомдорон ҳамеша мавриди баҳс қарор мегирад.