-3.1 C
Dushanbe

Ҷузъиёти боздошти домоди Шарофиддин Гадоев

6-уми ноябри ҳамин сол, пулиси Юнон аз боздошти як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар ДОИШ хабар дод. Ин ҷавонро бо дархости ҷониби Тоҷикистон тариқи пулиси байналмиллалии “Интерпол” дар шаҳри Триполиси Юнон боздошт карданд.

Гуфта мешуд, ки ӯ падари чаҳор фарзанд буда ҳамчун муҳоҷири ғайриқонунӣ соли 2017 вориди хоки Юнон шудааст. Ӯ дар Юнон ҳаққи паноҳандагӣ ба даст оварда ва дар манзиле зиндагӣ мекард, ки онро як созмони ҷамъиятӣ дар Триполис барои онҳо ба иҷора гирифта буд. Дертар маълум шуд, ки ҷавон шавҳари Ҳафизамоҳ Гадоева, хоҳари Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҳаркати “Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон” будааст.

“Аздо ТВ” дар мавриди ҷузъиёти боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳамсари ӯ хонум Ҳафизамоҳ Гадоева мусоҳиба анҷом дод. Дар ин сӯҳбат Гадоева гуфт, ки шавҳараш замоне боздошт шуд, ки мехостанд шиноснома барои кӯдаки навзодашон бигиранд. Ҳангоми ворид кардани номи ҷавон дар компютер аз тарафи “Интерпол” ҳамчун гумонбар шиносоӣ мешавад ва ӯро боздошт мекунанд ва то ҳол дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Ба нақли Гадоева, иттиҳомот аз ҷониби Тоҷикистон сиёсӣ буда ва фишорҳо болои хонаводааш ҳанӯз замони дар Тоҷикистон буданаш оғоз шуда буд. Ӯ мегӯяд, аз шавҳари аввалаш бо фишори пайдарпайи мақмоти амнияти Тоҷикистон ҷудо шуда ва ин шавҳари дуввуми Ҳафизамоҳ аст, ки онҳо дар соли 2016 издивоҷ кардаанд.

Ин зани тоҷик мегӯяд, шавҳараш дар ибтидо намедонист, ки хоҳари Шарофиддин аст. Ҳафтае баъд аз издивоҷ мақомоти амниятӣ дар Тоҷикситон аз издивоҷи онҳо огаҳ мешаванд.

Пас аз он, ки онҳо пай бурданд, ки дар Тоҷикситон монданашон хатар дорад, ҳамроҳи шавҳараш ба Туркия сафар мекунанд. Пас аз чанде шавҳараш дар тарабхонае кор пайдо карда ва Ҳафизамоҳоро низ ба назди худ даъват мекунад.

Дар соли 2017 консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул ӯро бо ваъдаи овардани фарзандонаш ба наздашон даъват мекунанд ва шиносномашро гирифта ба ӯ бозпас надодаанд. Ӯ пештар танҳо ду кӯдакашро бо худ оварда буд. Қисме дар Тоҷикистон мондаанд. Дар консулгарӣ ба онҳо таҳдид кардаанд то ба Тоҷкистон баргарданд.

Ҳафизамоҳ мегӯяд, дар Тоҷикстон ӯ соҳиби дукон буд, ва пайваста зери фишори мақомот қарор дошт ва сари ҳар вақт баҳонаҳое дар дукон пайдо намуда, ӯро ҷарима мекарданд. Ӯ мегӯяд мехоҳад ба Тоҷикистон баргардад, аммо дар он ҳолат зери фишори мақомот хоҳад монд.

Ӯ аз Туркия бидуни шинсонома бо ҳамроҳи хонаводааш дар соли 2017 вориди хоик Юнон шуданд. Чун консулгарии Тоҷкистон шиносмаи ӯро гирифта буд ва барнагардондаанд. Онҳо тариқи қоиқ баҳрро убур карда, худро ба марзи Юнон расондаанд.

То ҳол дар ин бора назари мақомоти расмии Тоҷикистон маълум нест ва парвандаи ин ҷавони 27-соларо дар Юнон меомӯзанд.

Бояд гуфт, ки пештар як мухолифи дигари тоҷик, Кузов Мирзораҳим машҳур бо номи Шонаими Карим низ бо дархости Тоҷикистон дар пайгарди Интерпол қарор дошт ва дар Юнон боздошт шуд, ки дертар Додгоҳи Юнон ӯро сафед намуда, раҳояш кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Боздошти домоди яке аз раҳбарони мухолифини тоҷик дар Юнон

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон

Душанбе ва Исломобод қасд доранд, ки як роҳи тарнзитии...

Дар Русия имтиҳони забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон иҷборӣ мешавад

Думаи давлатии Русия аз лоиҳаи қонуне пуштибонӣ кард, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон барои қабул шудан дар мактабҳои ин кишвар бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд.

Имзои Ёдошти тафоҳум байни Тоҷикистону Покистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Покистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикии худ Ёдошти тафоҳум имзо мекунанд.

Тазоҳурот дар Дортмунд барои раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳ

10-уми декабри соли ҷорӣ гурӯҳе аз фаъолони муқими Олмон бо талаби озодии Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунд ҷамъ омаданд.