Даҳ корманди сафорати Амрико дар Маскав ихроҷ шуданд

Русия даҳ корманди сафорати Амрикоро дар Маскав “унсурҳои номатлуб” эълом кард. Ин амали ҷавобии Маскав ба ихроҷи даҳ дипломати рус аз Вашингтон буд. Дар ин бора дар сомонаи расмии ВКХ-и ФР хабар дода шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 21-уми апрел Вазорат ба муовини сафири Амрико дар Маскав Барт Горман нота супурда, талаб намудааст, ки бояд даҳ корманди сафорат то охири рӯзи 21-уми май хоки Русияро тарк кунанд.

Ҷойгир шудани нирӯҳои Русия дар марз бо Украина, ҳамлаҳои рахнагарон, иддаои Ҷумҳурии Чехия дар пасманзари таркиши соли 2014 дар як анбори силоҳ ва ҳабси мунтақиди Кремлин Алексей Навалний, ки пеш аз ин заҳролуд карда шуд, ҳафтаҳои охир равобити миёни Вашингтон ва Маскавро пуртаниш кардааст.

Дар як қароре, ки президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 15-уми апрел имзо кард, аз ихроҷ ва таҳрими даҳҳо шаҳрванди Русия ва ҳам дороиҳои онҳо зикр шудааст. Дар санад омада, ки Иёлоти Муттаҳида Кремлинро барои амалҳои зиддиамрикоиаш ҷавобгар медонад. Бар илова, Вазорати молияи Амрико болои бозори қарзи Русия маҳдудиятҳои иловагӣ ҷорӣ кард. Инчунин ИМА Русияро ба мудохила дар интихоботи Амрико муттаҳам мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 17 апрел мақомоти Чехия дар бораи ихроҷи 18 дипломати рус қарор баровард. Ба иддаои Прага, кормандони хадамоти ҷосусии Русия дар зери пӯшиши дипломатӣ кор мекунанд. Мақомоти Чехия ин иқдомро пеш гирифтанд, зеро тибқи фарзияҳои онҳо, хадамоти махсуси Русия дар таркиши анбори лавозимоти ҷангӣ дар Ҷумҳурии Чехия дар соли 2014 даст доранд. Дар ин таркиш ду нафар ҷон дода буд.

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар посух 20 корманди сафорати Чехия дар Маскавро “унсурҳои номатлуб” хонд ва барои онҳо як рӯз муҳлат дод то Маскавро тарк кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.