Далери Имомалӣ ба зиндон интиқол ёфт

Мақомоти зиндонҳо рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик Далери Имомалиро аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба зиндони маъруф ба “1-ум Советский” интиқол додаанд.

Пайвандони Далери Имомалӣ дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфтаанд, ки ин рӯзноманигори зиндонӣ рӯзи 10-уми октябр аз СИЗО ба Муассисаи ислоҳии №4, воқеъ дар маҳаллаи “1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст ва онҳо аз ин кор огоҳ набудаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунҳои мавҷуда вақте зиндонӣ ба дигар муассиса интиқол меёбад, бояд ба наздиконаш хабар дода шавад.

Наздикони Далери Имомалӣ гуфтаанд, ки “Ҳоло дар роҳем, баъзе лавозимоти заруриро барои эҳтиёҷаш мебарем. Умедворем, ки бо ӯ вохӯрда метавонем”.

Интиқоли ин рӯзноманигори тоҷик ба зиндон дар ҳолест, ки ҳафтаи пеш Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро, ки 17-уми октябри соли ҷорӣ Далери Имомалиро ба 10 сол маҳкум карда буд, бетағйир гузошт.

Пеш аз ин Далери Имомалӣ бо фиристодани номае аз зиндон ба унвони Эмомалӣ Рамҳон ҳукми додгоҳро эътироф накарда, гуфта буд, ки тафтиши парвандаи ӯ “пур аз дурӯғу буҳтон ва духӯрагиҳо” аст. Ҳамчунин ҳамсараш ба Эмомалӣ Раҳмон нома навишта, озодии ин рӯзноманигорро хоста буд.

Инчунин мақомоти Тоҷикистон Далери Имомалиро барои як суҳбати кӯтоҳаш бо яке аз аъзои ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи -24” муттаҳам карданд, ки ҳам худи Далер ва ҳам ин ҳаракати сиёсӣ иддаои мақомотро рад карданд.

Гуфта мешавад, мақомоти додгоҳӣ ҳар ду мурофиаҳоро пушти дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор карданд ва нагузоштанд, ки назидкону пайвандони ин журналист дар ҷаласаҳои додгоҳӣ ширкат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус Далери Имомалӣ ва чанд тан аз рӯзноманигорон ва блогероне, ки каму беш аз мушкилоти мардум мегуфтанд ва камбуди фаъолияти масъулонро фош мекарданд, боздошту бо баҳонаҳои сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Дар пайи зиндонӣ кардани рӯзноманигорони тоҷик аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни рӯзноманигорон, аз ҷумла Мэри Лоулор, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, садо баланд карда, озодии онҳоро аз мақомоти кишвар талаб карданд. Аммо мақомот ин гуфтаҳои созмонҳоро мисли ҳамеша нодида гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.