Дар ДДТХ бадахшониҳо таҳсил намекунанд

Эмомалӣ Раҳмон дар “Дарси сулҳ”-аш гуфт, ягон нафар бадахшонӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара таҳсил намекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 1-уми сентябри соли 2023 Президенти Тоҷикистон “Дарси сулҳ”-ашро, ки ҳамасола дар рӯзи аввали хониши соли таълимӣ ироа мешавад, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳия Данғара баргузор кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронии худ аз норасоии табибон дар вилояти Хатлон гилоя карда, гуфт, ки барои ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ “ҳамагӣ 12,8 табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар минтақаҳои кишвар нишондиҳандаи хеле паст мебошад.”

Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон аз фаъолиятҳои Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон таърифу тавсиф карда гуфт: “Ҳоло аз шумораи умумии донишҷӯён 1134 нафар (қариб 51 фоиз) аз вилояти Хатлон, 623 нафар (28 фоиз) аз вилояти Суғд, 269 нафар (12 фоиз) аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 206 нафар (беш аз 9 фоиз) аз шаҳри Душанбе мебошанд.”

Аз сӯи дигар, ин шикваи Эмомалӣ Раҳмон аз норасоии табибон дар вилояти Хатлон дар ҳоле садо медиҳад, ки тибқи оморҳои расмӣ тайи панҷ соли ахир ҳазорҳо нафар аз кормандони соҳаи тиб Тоҷикистонро тарк карда, бо қасди муҳоҷирати муваққатӣ ва ё муҳоҷирати доимӣ ба Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо рафтаанд.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки тайи 30 соли ахир бо сабаби сиёсатҳои ғалати Ҳукумати Тоҷикистон ва раиси он мутахассисони зиёди соҳаи тиб ва дигар соҳаҳои муҳим аз Тоҷикистон фирор карда, рӯ ба муҳоҷират ниҳодаанд, ки гуфта мешавад, ин “фирори мағзҳо” ба иқтисоди кишвар зиёда аз 80 миллиард доллар зарар овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле дар бораи вуҷуд надоштани ҳатто як донишҷӯ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мезанад, ки тибқи як гузориш дар соли 2019 ҳудуди 8,4% донишҷӯёни онро, донишҷӯёни зодагони ин вилоят ташкил медод.

Гуфта мешавад, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғар соли 2016 фаъолияти худро оғоз карда аст. Дар ин донишгоҳ се факулта: тиббӣ, педеатрӣ ва дандонпизишкӣ амал мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

На исломӣ ва на демократӣ: Сиёсати паёмрасонии Душанбеву Теҳрон дар ҷанозаи Хоманаӣ

Баргузории ҷаноза дар рӯзи ҷашни 250-солагии истиқлоли Амрико низ ба чолиш кашидани ин кишвар ҳади ақал дар ҷанги иттилоъотӣ буд.

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия ба Тоҷикистон низ таъсир расонд

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои коркарди нафт ба вуҷуд омад, ба Тоҷикистон низ таъсири худро расондааст.

Баҳс сари бозии Аргентина ва Миср идома дорад

Баҳсҳо перомуни бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026 байни дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Миср, ки бо ҳисоби 3:2 ба нафъи мунтахаби Аргентина анҷом ёфт, то ҳанӯз идома дорад.

Вазири маориф ба қазияи латукӯби омӯзгор посух дод. Чи посухе!

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ҳам омӯзгори латукӯбшуда ва ҳам донишомӯз гунаҳкор дониста, ҷарима шуданд.