Рӯзҳои 16 ва 17-уми июни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон се кӯдаки ноболиғ ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо якунимсола буд.
Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании Тоҷикистон хабар дод, яке аз ин кӯдакон, ки 10 сол умр дошт ва сокини деҳаи Худгифи ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд буд, 16-уми июн ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд. Баъд аз ҷустуҷӯ “ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.”
Айнан дар ҳаин рӯз, яъне 16-уми июн боз ҳам дар ноҳияи Зафаробод як писарбачаи 15-солаи сокини деҳаи Обурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми оббозӣ дар канали «Тоҷикистон» ғарқ шудааст. Гурӯҳи наҷоти КҲФ тавонистанд ҷасади ин писарбачаро низ пайдо ва ба мақомот тавҳил диҳанд.