Дар Ню-Йорк аввалин бор як мусалмон шаҳрдор интихоб шуд

Дар интихоботи дирӯзаи шаҳрдории Ню-Йорк ҷавони 34-солаи мусалмон Зуҳрон Мамадонӣ барандаи интихобот шуд.

Ба гуфтаи расонаҳо, дар таърихи Амрико ин бори аввал аст як мусалмон дар бузургтарин шаҳри Амрико – шаҳри Ню-Йорк ҳоким интихоб мешавад.

Пас аз бастани сандуқҳои интихоботӣ ва шумориши овозҳо Мамадонии 34-сола дар баробари дигар номзадҳо, аз ҷумла номзади ҳизби ҳоким, шаҳрдори собиқи Ню-Йорк ва як номзади мустақил пешӣ гирифт ва 50,4% овозҳоро ба даст овардааст.

Дар интихоботи ҳокимони штатҳои бузурги Амрико, Мамадонӣ номзад аз Ҳизби демократӣ дар Ню-Йорк ва инчунин ду номзади дигари демократҳо дар штатҳои Вирҷиния ва Ню-Ҷерси баранда шуданд.

Зуҳрон Мамадонӣ, ба хотири ҳимояташ аз Ғазза ва интиқодоташ аз Исроил хеле мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифта буд. Ӯ борҳо гуфта буд, ки агар дар интихобот пирӯз шавад, намегузорад Натанёҳу ба Ню-Йорк биёяд ва агар омад, боздошташ хоҳад кард.

Мамадонӣ пас аз эълони пирӯзияш шоми дирӯз дар назди ҳаводоронаш суханронӣ намуда, гуфт, ки дар моҳи январ барои ин мансаб ба ҳайси шаҳрдори нав қасам ёд мекунад ва ба кор шуруъ хоҳад кард. Ӯ зимни суханронияш таъкид кард, ки Ню-Йорк шаҳри муҳоҷирон буд ва боқӣ хоҳад монд.

Ӯ зимни хитоб ба ҳаводоронаш ишора кард, ки “Шумо ба ман ба хотири тағйир додани вазъ ва эҷоди сиёсати нав фурсат додед.” Ҳамчунин таъкид кард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Ню-Йоркро аз ҳоло беҳтар хоҳад кард. Ӯ аз тамоми коргарон аз ҳар қавму миллате, ки ҳастанд ва дар Ню-Йорк кор мекунанд, изҳори сипос кард.

Мамадониро зодаи шаҳри Кампалаи пойтахти Уганда медонанд, ки дар хурдияш ҳамроҳи падару модараш ба Амрико муҳоҷират кардааст. Падараш Маҳмуд Мамадонӣ, аз устодони барҷастаи улуми сиёсӣ ва ҷомеашиносӣ дар Донишгоҳи Колумбия аст ва модараш Мера Ноир филмсоз аст.

Дар бораи дидгоҳи мазҳабии Мамадонӣ ва хонаводааш иттилооти кам дастрас аст, вале гуфта мешавад, падари ӯ аз аҳли Гаҷароти Ҳинд аст, ки умдатан мусалмонони шиаи дувоздаҳимома ҳастанд. Модари ӯ низ аз хонаводаи ҳинду аз иёлати Панҷоб аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.