27.9 C
Dushanbe

Дар оташсӯзии хобгоҳи муҳоҷирон шаҳрвандони тоҷик низ осеб дидаанд

Сурат: 63.mchs.gov.ru

Рӯзи 7 ноябр як хобгоҳ дар шаҳри Самараи Русия ба коми оташ рафтааст, ки дар натиҷа чаҳор нафар фавтида ва панҷ нафари дигар дар ҳолати вазнин ба беморхона итиқол дода шудаанд. Дар ин бора Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Самара хабар дод.

Нашрияҳои маҳалии Самара аз манбаашон аз мақомти ҳифзи ҳуқуқ навиштаанд, ки ҳалокшудагон ва осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон будаанд. Вале то ҳол ҳувияти онҳо маълум нашудааст.

Гуфта мешавад, ки бино тахминан соати 08:24 оташ гирифта, ба оташхомӯшкунон муяссар гардидааст, ки пас аз 4 соат оташро пуррра хомӯш кунанд. Масоҳати сӯхтор ҳудуди 500 метри мураббаъ буда, қабати дуввум ва севвуми бино комилан ба коми оташ рафтааст.

Дар хабарномаи Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Самара гуфта шуда, ки хобгоҳ ғайрирасмӣ буда, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон дар он иқомат мекардаанд.

Соҳиби бино боздошт гардида, тафтишот дар ин маврид идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.