20.9 C
Dushanbe

Дар Систон ва Балучистони Эрон чӣ мегузарад?

Дар вилояти Систону Балучистони Эрон мардум даст ба эътироз ва корпартоӣ заданд. Дар чанд рӯзи ахир домани эътирозҳо дар ин манотиқ густариш меёбад.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ рӯзи душанбе 22 феврал сӯхтбарон (касоне, ки маводи сӯзишвориро аз минтақаи марзии Эрон ба Покистон тавассути мошинҳои шахсӣ интиқол медиҳанд ва аз ин ҳисоб рӯзгори худро мечархонанд) аз ҷониби нерӯҳои Сипоҳи посдорон мавриди ҳамла қарор мегиранд. Ва дар натиҷа чанд сӯхтбар кушта мешавад. Дар пайи ин ҳодиса мардуми Систону Балучистон даст ба эътироз мезананд.

Дар ҳамин ҳол созмонҳои ҳуқуқи башари Эрон аз бархӯрди мақомот бо эътирозгарон нигаронӣ намуданд. Ҳамчунин Мавлавӣ Абдулҳамид, имомҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон тирандозӣ ба сӯи сӯхтбаронро маҳкум намуда ва ҳамзамон мардумро ба хунсардӣ ва оромиш даъват кардааст.

Хабаргузории “Sunnionline” дар шарҳи воқеъа мениависад:

“Рӯзи душанбе (22 феврал) дар шаҳристони Саровон ва дар нуқтаи марзии Эрон бо Покистон шуморе аз сӯхтбарон таҷаммӯъ мекунанд. Ба самти онҳо тир кушода мешавад ва чанд нафар кушта мешаванд. Рӯзи сешанбе таҷаммӯи эътирозомезе дар шаҳри Саровон, ба хусус дар рӯбарӯи идораи Ҳукумати шаҳр баргузор мешавад. Эътирозот ба хушунат кашида мешавад. Бахше аз муътаризон ба сохтмони фармондорӣ ҳамла мекунанд ва баъзе ҷойҳои сохтмонро тахриб мекунанд”.

Аммо расонаҳои наздик ба Ҳукумат мегӯянд, ки нерӯҳои Сипоҳи посдорони Эрон тирандозӣ накардаанд ва ба гуфтаи онҳо эътирозгарон худ мухолифи низоми Эронанд. Муовини амниятии вилояти Систону Балучистон гуфта, ки тир аз ҷониби маъмурони Покистон ба сӯи таҷаммӯъ кушода шуда, як нафар кушта шудааст.

Мақомоти Эрон сӯхтбаронро гунаҳкор меҳисобанд, ба гуфтаи масъулон худи сӯхтбарон ба як постгоҳи марзӣ ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа як нафар кушта шудааст ва он ҳам шояд бо тири шилликкардаи ҷониби Покистон кушта шуда бошад.

Хабаргузории “Тасним” аз қавли волии Сараван Саид Таҷллӣ навиштааст, ки гуфтугӯ бо мардум дар рӯзи ҳамла ба дафтари волии Сараван сурат гирифтааст ва онҳо идораи Ҳукуматро бидуни “ҳеҷ задухӯрд” “ором” тарк карданд. Ӯ ба хушунат кашида шудани эътирозотро такзиб кард. Аммо фаъолони ҷомеаи мадании Систону Балучистон ин гуфтаҳои мақомотро рад мекунанд.

Бино ба гузориши ВВС мардуми вилояти Систону Балучистон аз фақру нодории шадид маҷбуранд барои таъмини рӯзгор ба сӯхтбарӣ рӯ биёранд. Суди ин кор кам асту хатараш хеле зиёд.

Гуфта мешавад, давлати Эрон чанд соли пеш интиқоли маводи сӯхтро барои сокиноне, ки то 20 километр наздик ба марз зиндагӣ мекунанд, иҷозат дод, аммо ахиран Сипоҳи посдорон интиқоли онро зери контроли худ гирифта намегзорад мардум ба ин кор даст бизананд.

Вилояти Систону Балучистони яке аз минтақаҳои дурафтодаи Эрон ба шумор меравад ва мардуми ин манотиқ дар фақри шадид гирифторанд. Бахши муҳимми мардуми ин минтақа дар таъмини қути рӯзонаи худ мушкили доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон дар марзи бо Тоҷикистон симхор мекашад

Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки корҳои муҳандисӣ дар марзи Тоқикистон-Қирғизистон дар вилояти Бодканд оғоз шудааст.

Тоҷикистониён дигар наметавонанд “визаи электронӣ”-и Арабистонро бигиранд

Ахиран Арабистони Саудӣ Тоҷикистон ва Узбекистонро аз феҳристи кишварҳои дорои шароити барномаи визаи сайёҳии электронии "eVisa" ҳазф кард.

Тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия бо қабули фармони нав муҳлати қонунӣ кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрвандӣ дар ин кишварро то 10-уми сентябри соли 2025 тамдид кард.

Дар чанд кишвари Аврупо барқ якбора қатъ шуд, сабаб чист?

Рӯзи 28-уми апрели соли ҷорӣ миллионҳо нафар дар Испания, Португалия, Андорра ва қисмате аз Фаронса бе нерӯи барқ монданд.