Бо гузашти се рӯз аз тазоҳурот ва бо тухм задани мошини ҳомили раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон, ҳамоно мақомоти амниятӣ пайвандони мухолифонро дар кишвар боздошт доранд.
Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори мустақил, ки дар тазоҳуроти рӯзи 29-уми сентябр дар Берлин ширкат ва суханронӣ кард, дар суҳбат бо Azda.tv аз боздошти ду бародараш дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон хабар дода, онро худсарона номид.
“Ман бо сароҳат мегӯям, ҷону пуст, дарду алам ва ҳамагуна шиканҷае, ки дар нисбати онҳо сурат мегирад, ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ ва зидди миллие мебошанд, ки режими Эмомалӣ Раҳмон аз замони сари қудрат омаданаш то ҳол анҷом медиҳанд“- мегӯяд Амруллоҳи Низом.
Дар ҳамин ҳол, фаъоли тоҷики муқими Олмон Фарҳод Одинаев дар суҳбат бо Azda.tv аз боздошти се тан аз пайвандонаш хабар дод, ки то ҳол аз онҳо дараке нест.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” низ бо нашри иттилоияе аз идомаи боздошт ва бедарак шудани пайвандони аъзояш хабар дод.
Бино ба иттилои ин ҳаракати сиёсӣ, мақомот бародари Ҳусейн Ашӯров, муовини раиси “Гурӯҳи 24” ва падару модар ва бародари Абӯзар Хоҷазода, узви фаъоли ин ҳаракатро боздошт кардаанд.
Инчунин падари 69-солаи Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор, намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Иттиҳоди Аврупоро мақомоти амнияти ноҳияи Рашт бо худ бурдаанд. Абдуқаҳҳор Сайғозиев, падари Муҳаммадсобир қаблан дар мактаби деҳа ба ҳайси омӯзгор кор мекарда ва ҳоло бознишаста аст.
Кормандони амният аз деҳаи Шуғли ноҳияи Рашт, Ҷумъабой Носиров, падари сухангӯи “Гурӯҳи 24” Убайдулло Саидӣ ва Лоиқов Луқмоншоҳи 65-сола ва Миршоҳмуддинова Одинабии 55-сола – падар ва модари Холназар, узви фаъоли ин ҳаракатро, ки дар тазоҳуроти Берлин ширкат доштааст, боздошт кардаанд.
Узви дигари “Гурӯҳи 24” Исмоил Исмонов , ки дар тазоҳуроти Берлин ширкат доштааст, хабар дод, ки кормандони амният бародараш Аслуддин Исмонов ва тағояш Умар Юсуфовро ба КДАМ бурдаанд.
Бояд зикр кард, ки аз нафарони боздоштшуда бо гузашти ду рӯз ҳанӯз дараке нест ва мақомот ба куҷр бурдан ва адар куҷо нигоҳ доштани онҳо маълумот намедиҳанд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мегӯяд, ки аз нафарони боздоштшуда бо гузашти чанд рӯз ҳанӯз дараке нест ва мақомот ба куҷо бурдан ва аз дар куҷо нигоҳ доштани онҳо маълумот намедиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, Шарофиддин Гадоев, яке раҳбарони Паймонии миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо аз боздошти модари 72-солааш хабар дод.
Гуфта мешавад, кормандони идораи амнияти ноҳияи Фархор субҳи имрӯз, 1-уми октябр Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддинро аз хонаашон боздошт карда, бо худ бурданд.
Инчунин Равшан Юсупов, як паноҳҷӯи тоҷик дар Олмон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтааст, ки ӯ дар рӯзҳои тазоҳурот дар шаҳри Брилон, ки аз Берлин 400 километр дур аст, дар ҷои кор буд, вале бо вуҷуди ин мақомоти қудратии ноҳияи Исмоили Сомонӣ падарашро, ки дар маҳаллаи Хуҷамбиёи Поён зиндагӣ мекунад, аввал рӯзи 14 сентябр бозпурсӣ карда, рӯзи 30 сентябр дастгир кардаанд ва инак 2 рӯз боз аз вай хабаре надоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар муддати ин се рӯз мақомот даҳҳо нафар аз пайвандони дуру наздики аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24, Паймони миллии Тоҷикистон ва фаъолони дигарро боздошт карда бо худ мебаранд, ки пештар Azda.tv дар ин бора гузориш дода буд.
Мақомоти қудратии Тоҷикистон то ҳол ин боздоштҳои густардаро расман шарҳ надодаанд. Вале мухолифон мегӯянд, чун Раҳмон дар ҳеч сафаре мисли сафараш ба Олмон мавриди ҳамлаи мухолифонаш қарор нагирифта буд, мехоҳад аз хонаводаи онҳо “қасос” бигирад.
Бу гуфтаи худи мухолифон ва фаъолон, мақомоти кишвар вақти боздошти пайвандонашон гуфтаанд, ки чаро онҳо президентро диктатор гуфта, ба мошинаш бо тухм задаанд ва фишор оварда истодаанд, ки ба мухолифони дар хориҷбуда ба кишвар баргарданду бахшиш пурсанд.
Бино ба иттилои маълумотҳои охир, баъзе аз занҳои боздоштшуда, ки бо фаъолону мухолифон хешу таборӣ доранд, озод шудаанд, аммо мақомот мардҳоро то ҳол озод накардааст.
Бояд гуфт, ки бо даъвати расмии мақомоти Олмон Эмомалӣ Раҳмон бо шумули дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 28-уми то 30-уми сентябр бо ҳадафи ширкат дар нишасти якҷояи ин кишварҳо бо Олмон ва мулоқот бо садриаъзам Олаф Шолтс ва президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер ба ин кишвари аврупоӣ омада буданд.
Дар пасманзари сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Олмон, мухолифони ин ҳукуматҳо, аз ҷумла мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 28 ва 29-уми сентябр дар назди сафаорати Тоҷикистон дар Берлин ва дар макони баргузории нишастҳои президентҳо тазоҳурот баргузор карданд.
Рӯзи 29-ум замоне ки корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон ба тарафи бинои садриаъзами Олмон ҳаракат мекарданд, аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҷониби ӯ “Диктатор” садо дода, мошинашро бо тухм заданд.
Дар аксҳое, ки баъдтар нашр шуд, дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз мошине, ки бо тухм зада шудааст, поин мешавад, вале хеле ошуфтаҳол менавмояд.