Дар Тоҷикистон нархи бензин боз гарон мешавад

Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боз ҳам гаронтар мешавад. Нарҳо дар ҳоли афзоиш буда, ҳар ҳафта то 20-30 дирам боло меравад. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба манобеаш хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, нархи бензини навъи АИ-92 аз 8,10 сомонии аввали моҳ ба 8,90 сомонӣ боло рафтааст. Гуфта мешавад, нархи тамоми анвои сӯзишворӣ дар кишвар ҳар лаҳза дар ҳоли афзоиш аст.

“Имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт бензини АИ-92 бо нархи 8,90 сомонӣ, АИ-95 – 9,30 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 11,20 сомонӣ фурӯхта мешавад. Гази моеъ аз 4 то 4,20 сомонӣ арзиш дорад.”, омадааст дар хабар.

Аммо нархҳо дар шаҳри Хуҷанд каме тафовут дошта, арзиши як литр бензини навъи АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 8,80 сомонӣ, АИ-95 – 9,20 сомонӣ аст, вале сӯзишвории дизелӣ баробар бо нархи Душанбе (11,20 сомонӣ) фурӯхта мешавад.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гароншавии нархи сӯзишвориро ба кишварҳои содиркунанд ва ширкатҳои коркарди нафтӣ рабт додааст. Инчунин ба гуфтаи ин ниҳод, сабаби дигари гарон шудани нархҳо дар ин бозор “мавсими кишти баҳорӣ” мебошад.

Аммо аксари коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби асосии гароншавии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон инҳисори мутлақи ин тиҷорат аз ҷониби наздикони Эмомалӣ Раҳмон ва набудани рақобати солим дар ин соҳа мебошад.

Тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон соли гузашта 853 ҳазор тонна фаровардҳои нафтӣ ва 397 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст. Гуфта мешавад, наздики 90 дарсад бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз Русия ва ба ҳамин миқдор гази моеъ аз Қазоқистон ба бозори дохилӣ тавассути ширкатҳои наздикони раисҷумҳур ворид карда мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.