7.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон муроот мешавад?

Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро қабул кард, вале боз ҳам барои поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон интиқод мешавад.

Тавре Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи кӯдак дар мақомоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба “Ховар” иттилоъ дод, Ҳукумати Тоҷикистон 5-уми августи соли ҷорӣ Стратегияи миллии кишвар дар бораи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038-ро қабул кардааст.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз қабули стратегияи мазкур такмили минбаъдаи қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.

“Масъалаи дигар ба таҳлил ва арзёбии вазъи воқеии ҳуқуқи инсон вобастагӣ дорад. Тавассути ҳамин стратегия бояд дар сатҳи ҷумҳурӣ таҳлил гузаронида шавад, то маълум гардад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кадом масъалаҳои ҳуқуқи инсон мушкилоти ҷиддӣ ҷой доранд. Бояд институтҳои таҳқиқотӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дахлдори дигар фаъолият бурда, таҳлил намоянд, ки сабабу омилҳои пайдоиши  вайроншавии ҳуқуқи инсон ва нақзи ҳуқуқи инсон кадомҳо мебошанд.”, омадааст дар хабар.

Масъули ниҳоди Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистн ёдовар шуда, ки Тоҷикистон дар 7 санади универсалӣ дар бораи ҳуқуқи инсони СММ шарик аст, ки “инҳо  ду паймони байналмилалӣ ва панҷ конвенсия ҳастанд.” Ҳамчунин таъкид карда, ки Тоҷикистон ин тавсияҳоро қабул намудааст, то ки амалӣ гарданд.

Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҳамкориро бо сохторҳои ҳам оинномавӣ ва ҳам шартномавии СММ дар сатҳи бисёр хуб ба роҳ мондааст. Ва то имрӯз Тоҷикистон тамоми гузоришҳои миллии худро сари вақт ба СММ пешниҳод менамояд.

Ба гуфтаи худи масъулони Ваколатдори ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид аст ва дар то ин муддат узвичандин шартномаи асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон шудааст. Ва пеши ҳар кадоми он вазифадор аст, ки ба тамоми бандҳои шартномаҳои имзо кардааш пойбанд бимонад ва ҳуқуқи инсонро поймол накунад.

Аммо дар ин чанд соли ахир Тоҷикистон то ҳадде ҳуқуқи инсонро нодида гирифт, ки қариб дар гузориши ҳама созмонҳои ҳуқуқии ҷаҳон мавриди интиқоди шадид қарор гирифта, ҳамчун кишвари диктотуртарини дунё шинохта шуд. Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалии Раҳмон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар қатори Куриёи Шимолӣ ва Туркманистон ҷой дода шуд.

Ҳамзамон коршиносони Созмони Милали Муттаҳид 4-уми июли соли ҷорӣ бо нашри эъломияе аз ҳукмҳои пайиҳами ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорону фаъолони маданӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буднд.

Дар ин эъломия коршиносони СММ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки барои беҳтар кардани вазъи ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорону фаъолони зиндонӣ ба уҳдадориҳои худ пойбанд бимонад.

Коршиносон ба ҳукумати кишвар хотиррасон карданд, ки ҷиноят эълон кардани кори осоиштаи ҳомиёни ҳуқуқ ба уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқии инсон мувофиқат намекунад. 

Инчунин дар ин эъломия таъкид мешавад, ки омехта кардани ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ифротгароён ва террористон амали бисёр хатарнок аст.

СММ аз парвандаи хабарнигорону блогерон, фаъолонони маданӣ ва вакилони дифоъ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров ва Фаромӯз Иргашов ёдовар шуда, мегӯяд, ки аз ин 9 нафар 8 нафар ба ифротгароӣ ва терроризм айбдор шудаанд. 

Коршиносони СММ аз ин ки Қонуни “мубориза бар зидди терроризм” барои пахши садоҳои интиқодӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомдорон мавриди суиистифода қарор гирифтааст, изҳори нигарони ҷиддӣ карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.