25.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон давоми ҳафта сардшавии ҳаво пешбинӣ мешавад

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар кишвар ҳаво сард шуда, шуруъ аз 18 ноябр дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ бориши барфр пешбинӣ мешавад.

Тибқи ин иттилоъ, ҳафтаи ҷорӣ дамои ҳаво дар кишвар коҳиш ёфта шабона зери сифр хоҳад буд. Давоми ҳафта дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, бориши барф пешбинӣ мешавад ва дамои ҳаво шабона ва саҳар 0-2° хунук хоҳад шуд.

“Дар НТҶ – Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона -1+4°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14 хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад”,- иттилоъи медиҳад Агентии обуҳавошиносии кишвар.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14 ноябр дар шаҳри Душанбе ва баъзе минтақаҳои кишвар барф борид ва ҳарорати ҳаво дар аксар шаҳру ноҳияҳо якбора сард шуд. Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои барфи аввалро нашр карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.