32.9 C
Dushanbe

Даргузашти адиб Ҳаёт Неъмат

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, адиби шинохта ва драматурги тоҷик пас аз бемории тӯлонӣ дар зодгоҳаш дар синнӣ 78-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Ҳаёт Неъмат, адиб ва драматурги тоҷик

18-уми ояктябр Сафар Абдулло, донишманди шинохтаи тоҷики муқими Алмаато аз тариқи саҳфаи фейсбукиаш дар бораи рӯзноманигор ва шоири машҳур Ҳаёт Неъмат хабар дод, “ҳамоне, ки бо ҷисми маълулаш борҳо садои додхоҳӣ буланд карда ва барои ҳифзи миллаташ аз нобудии маънавӣ ҷонталошиҳо, ҳамоне, ки барои ҳифзи забони мо дар хостгоҳи ин забон, дар Самарқанд чанд бор гуруснанишинӣ карда буд,” шаби гузашта дар гузашт.

Хонум Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинон ва собиқ номзад ба мақомои президентӣ дар Тоҷикистон дар сӯги Ҳаёт Неъмат навиштааст: “Шахсияте, ки дар давраи мушкили режими Каримов барои тоҷикон, барои фарҳангу забонамон ва барои рӯзномаю мактабҳои тоҷикӣ ҷонашро дар хатар монда мубориза бурд.., дареғо, ки ин неъматро аз даст додем.”

Рӯзноманигор ва шоири шинохтаи кишварамон Зафар Суфӣ дар сӯги Ҳаёт Неъмат гуфтааст: “Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар назари ман тимсоли тоҷику тоҷикият дар он бахше аз сарзамини тоҷикон буданд, ки бозиҳои сарнавишти талх аз ҳам ҷудо ва дур гардонадааст…Устод Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, миллатдӯст, ватанхоҳ, фарҳангие, ки дар дифоъ аз арзишҳои миллат бо ҷисме маълул ҳиммати рустамона доштанд, дигар барои ҳамеша моро тарк кардаанд.”

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоир, драманавис, адабиётшинос, аз соли 1990 узви Шӯрои Анҷумани байналхалқии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”. Аз соли 2000 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Соли 2000 Дорандаи мукофоти ба номи Деваштич

Имрӯз, 18-уми октябари соли 2021 ҷасадаи марҳум Ҳаёт Неъмат дар зодгоҳаш, дар деҳаи Кӯсаҳои (Кӯи Сахо)-и ноҳияи Самарқанд ба хок супурда мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.