21.9 C
Dushanbe

Даргузашти генерал Ғайрат Адҳамов

Генерал Ғайрат Адҳамов, яке аз собиқ қумандонҳои мухолифини ҳукумати Эмомалӣ вафот кард.

Имрӯз, 15-уми июли соли 2024 генерал Ғайрат Адҳамов, собиқ муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон дар бистари беморӣ аз олам чашм пӯшидааст.

Генерал Ғайрат Адҳамов, ки яке аз қумондонҳои Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик ва аз дӯстони раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ буд, даргузашти ӯро ҳамчун як ҷавонмарди пойбанд ба аҳду паймон ва арзишҳои худ тасаллият гуфтааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дар як паёми савтӣ, даргузашти ӯро ба ҳама фаъолони мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, аҳли оила, фарзандон ва наздикону пайвандонаш тасаллият гуфта, таъкид кардааст, “вай як фарзанди асили миллат ва муҷоҳиди воқеӣ” буд.

Гуфта мешавад, генерал Ғайрат Адҳамов пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятӣ миллӣ дар соли 1999 аз ҳисоби афроди 30%-и Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Вай дар соли 2006 як зина аз мақоми худ пойинтар рафта, дар вазифаи муовини вазири дифоъ ба муддати 8 соли дигар дар ин вазорат кор карда буд. Соли 2014 бо сабаби ба синни нафақа расидан аз вазифа барканор ва бознишаста шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.