21.9 C
Dushanbe

Даргузашти Фатҳулло Гулен

Фатҳулло Гулен, раҳбари ҷараёни “Гуленӣ”, руҳонии шинохта ва чеҳраи сиёсии турк дар умри 83-солагӣ даргузашт.

Бино ба иттилои расонаҳо, вазъи саломатии ӯ чанд вақти ахир вахим буда, рӯзи 20-уми октябри соли ҷорӣ дар яке аз бемористонҳои штати Пенсилванияи Амрико вафот кардааст.

Фатҳулло Гулен, муассиси мактабҳои туркӣ дар чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин мактабҳо дар миёни сокинони Тоҷикистон нуфузу обрӯ пайдо карда буданд, аммо мақомоти кишвар пас аз соли 2016 ба бастан ва давлатӣ кардани ин мактабҳо оғоз карданд.

Гуфта мешавад, ӯ соли 1941 дар оилаи рӯҳонӣ дар Эрзуруми Туркия ба дунё омада, дар 24 солагӣ ба унвони эмом дар шаҳри Измири Туркия ба фаъолият шуруъ карда буд.

Дертар дар солҳои 1969-1970 ӯ Ҷунбиши “Хизмат”-ро таъсис дод, ки дар хориҷ ва дохили Туркия пайравони зиёдеро дорад.

Ин созмон дар аввал аз сиёсатҳои Эрдуғон ҳимоят мекард ва Фатҳулло Гулен ба унвони муттаҳидони раисҷумҳури Туркия шинохта мешуд. Аммо дар соли 2013 Эрдуғон муборизаеро алайҳи ин ҷунбиш оғоз кард ва онро “давлат дар дохили давлат” номид ва садҳо мадрасаи вобаста ба ин созмонро баста буд.

Танишҳо миёни ҳукумати Туркия ва Фатҳулло Гулен пас аз кудетои нофарҷоми 15-уми июли соли 2016 дар ин кишвар, ки дар он 400 нафар кушта ва беш аз 2000 нафар захмӣ шуда буданд, ба авҷи худ расид.

Давлати Туркия Гулен ва тарафдорони ӯро ба барномарезии ин кудето муттаҳам намуда, ҳазорон нафар аз пайравони ӯро дастгир ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда. Аммо Фатҳулло Гулен иттиҳоми даст доштан дар ин кудеторо рад карда буданд.

Гуфта мешавад, ин руҳонии шинохта аз соли 1999 дар Амрико мезист ва фаъолияти худро дар табъид идома медод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.