21.9 C
Dushanbe

Даромади бесобиқаи ширкатҳои бима дар Тоҷикистон

Дар 9 моҳи сипаригардидаи соли 2020 ширкатҳои суғурта ё бима дар Тоҷикистон беш аз 80 миллион сомонӣ (зиёда аз 7 миллиону 100 ҳазор доллар) фоида ба даст овардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 31,6 миллион сомонӣ зиёд аст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон айни замон 18 ширкати суғурта фаъолият дорад, ки аз ин шумора ду ширкаташ давлатӣ буда, боқимнда хусусиянд.

Вале аз 18 ширкате, ки дар Тоҷикистон фаъолит мекунанд, на ҳамаи онҳо ба бештарин имкониятҳо даст доранд, хусусан дар бозори суғуртаи нақлиёт танҳо се ширкат, як ширкати давлатӣ ва ду шахсӣ роҳ ёфтаанд.

Дар хабарҳо гуфта мешавад, ки ду ширкати шахсӣ “Суғуртаи аввалини миллӣ” ва “Спитамен суғурта” ба наздикони раисҷумҳур таалуқ дорад.

“Суғуртаи аввалини миллӣ” марбут ба ширкати “Фароз” – моликаш Шамсуллоҳ Соҳибов, домоди раисҷумҳур мансуб аст. Ва ширкати дуюмӣ, “Спитамен суғурта”-ро низ аз ширкатҳои наздикони раисҷумҳур ном мебаранд.

Нархи суғуртаи ҳатмии нақлиёт дар Тоҷикистон аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 120 то 180 сомонӣ дар як сол аст. Ин навъи суғуртаро бояд ҳама ронандагон дошта бошанд, вагарна нозирони роҳ метавонанд ҷарима банданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.