21.9 C
Dushanbe

Дарси сулҳ берун аз расонаҳо

1-уми сентябр дар Тоҷикистон “Дарси сулҳ” баргузор мегардад, вале ин дафъа дар телевизионҳои давлатӣ мустақим пахш намешавад.

Раҳбари маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба хабаргузории Авесто гуфт, имсол ягон барномаи мустақими телевизионии “Дарси сулҳ” ба нақша гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол сабаби пахш нашудани “Дарси сулҳ” дар телевизионҳои давлатӣ маълум нест. Аммо қарор аст 1-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби нави гимназияи рақами 4-и шаҳри Душанбе дидан намуда, онро кушояд.

Дар гузашта ҳамасола 1-уми сентябр дар Тоҷикистон “Дарси сулҳ”-и Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешуд ва он мустақиман тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш мегардид. Тамошои ин дарс барои кормандони соҳаи маориф ва хонандагону донишомӯзон ҳатмӣ буд.

Аммо Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм мегӯяд, имсол “Рӯзи дониш” дар муассисаҳои таълимии кишвар дарҳол аз дарс оғоз мешавад, на аз тамошои васеи пахши мустақими телевизионӣ.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.