20.9 C
Dushanbe

Дарвоз: Кӯдакон қурбонии сиёсатҳои ғалат

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз хеле аз сокинонро маҷбур доранд, ки фарзандони худро ба мактаби президентӣ фиристанд.

Бино ба иттилои манобеи Azda.tv аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз фаъолияти бархе мактабҳои ҳамагонии деҳаҳои атрофи ҷамоати деҳоти “Қалъаи Хумб”-ро қатъ ва ё маҳдуд карда, волидон ва сарпарастони хонандагони мактабҳоро маҷбур доранд, ки фарзандони худро ба мактаби нав фиристанд.

Мактаби нав, ин ҳамон Гимназияи рақами як барои хонандагони болаёқат дар ҷамоати деҳоти “Қалъаи Хумб” аст, ки 15-уми августи соли ҷорӣ тавассути Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин мактаб барои 840 хонанда пешбинӣ шудааст.

Сокинони деҳаҳои Умарак ва Даштаки ноҳияи Дарвоз мегӯянд, ки ҳар дуи ин деҳаҳо мактабҳои нави худро доранд, вале мақомот дари онҳоро баста, волидонро маҷбур доранд, ки фарзандони худро ба Гимназияи рақами яки ноҳия дар Қалъаи Хумб шомил кунанд. Масофа байни ин гимназия ва деҳаи Умарак ҳудуди 3 километр роҳ аст.

Ҳамзамон бархе волидони кӯдакони деҳаи Умарак таъкид доранд, ки масофа байни деҳаи онҳо ва қишлоқи Зинг, ки он ҷо як мактаби хуби замонавӣ вуҷуд дорад, камтар аз як километр роҳро ташкил медиҳад, ва ба ҳамин хотир аз масъулин хостанд, ки ҳуҷҷатҳои фарзандони онҳоро баргардонанд, то дар наздиктарин мактаб фарзандони худро шомил кунанд, аммо ин хостаҳо ва талошҳои онҳо бенатиҷа будааст.

Ба иттилои манбаъ, ин мактаби замонавӣ барои хонандагони бо лаёқат дар ноҳияи Дарвоз сохта шудааст, вале дар ҳоли ҳозир мақомоти иҷироияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ноҳия ҳама хонандагони деҳаҳои Даштак ва Умаракро маҷбур доранд, ки рафта дар он ҷо дарс бихонанд.

Гуфта мешавад, ноҳияи Дарвоз яке аз ноҳияҳои кӯҳистонии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Дар вақти мактабхонӣ аксари рӯзу моҳҳои сол боронӣ ва замини кӯҳистон барфпӯш аст. Ба гуфтаи сокинон, тай кардани ҳудуди 6 километр роҳ ҳангоми рафту баргашт, ки беш аз соати вақти кӯдаконро мегирад, дар шароити кӯҳистонӣ кори осон нест. Ба ҳамин хотир, пеш аз он ки фасли сармо фаро бирасад, ин иқдоми мақомот волидонро сахт нигарон кардааст.

Дар ин миён бархе ҳолдонҳо аз ноҳияи мазкур мегӯянд, аксари сокинони деҳаи Умарак аз нигоҳи мазҳабӣ пайрави аҳли суннат ҳастанд ва бештари сокинони деҳаи Даштак ҳам аз пайравони мазҳаби Исмоилӣ ва шиамазҳаб мебошанд.

Тайи ду соли ахир, мақомот дар деҳаи Даштак ҳар чи тавассути муассисаҳои мансуб ба Оқо Хон сохта шуда буд ва ё зери ҳимояи онҳо қарор дошт, аз ҷумла бунгоҳи тиббӣ, ҷамоатхона ва ахиран ҳам мактаб, бо баҳонаҳои мухталиф фаъолияти ҳамаи онҳоро қатъ карданд.

Биноан, мақомот ба хотири бастани даҳони мардум дар деҳоти атроф ва бахусус дар деҳаи Умарак, ки наздиктар аст, фаъолияти мактаби онҳоро низ қатъ карданд ва ба гуфтаи огоҳон, дар ҳоли ҳозир, кӯдакон дар деҳаи Умарак қурбонии ин сиёсатҳои ғалати мақомот шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо "рейд" гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.