Даъвати баҳории сарбозон ба артиш 50% иҷро шуд

Дар 20 рӯзи даъвати баҳории сарбозон ба артиш дар сатҳи ҷумҳурӣ нақша 50% иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи ин вазорат, дар вилояти Суғд нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш дар 20 рӯзи аввал 40 дарсадро ташкил додааст.

Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор даъвати ҳарбиро пурра иҷро карда, иҷрои нақша дар қаламрави ин вилоят беш аз 50 %-ро ташкил медиҳад.

Аммо дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бошад, нақша 60 дарсад иҷро шуда, комиссариатҳои ҳарбии Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати баҳориро ҳанӯз дар рӯзи аввали ҷалби ҷавонон ба артиш, яъне якуми апрел 100% иҷро карда буд.

Комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе, дар умум 60 % нақшаро дар даҳ рӯзи аввал иҷро кардаанд.

Дар ҳоле Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз 50% иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории ҷавон ба артиш хабар медиҳад, ки ҳанӯз дар рӯзҳои аввал наворҳо ва аксҳои ҷалби иҷбории ҷавон ба артиш ё “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Ҳатто ҳолатҳое ҳастанд, ки донишҷӯёнро аз назди донишгоҳҳо маҷбуран бо усули “облава” барои хидмат ба артиш бурдаанд. Мақомот ҳамеша ба набуди “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Аз ҷалби иҷбории донишҷӯён ба артиш сокинони шаҳру навоҳии кишвар ба вакилони парлумон низ шикоят бурдаанд.

Дирӯз дар ҷаласаи навбатии парлумон Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, ки тағйироти навро дар қонун дар бораи мудофиа муаррифӣ мекард, суол карда буд, ки иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон чӣ гуна мегузарад ва беш аз 11 миллион сомоние, ки бар ивази он шуморе аз ҷавонон аз хидмат озод шуданд, куҷо шуд?

Ин суоли Ғаффорзода ба раиси парлумони кишвар Маҳмадтоир Зокирзода хуш наомад ва ба вакилон ду маротиба ишора кард, ки аз мавзуъ берун нараванд.

Эмомалӣ Собирзода, Абдуҳалим Ғаффорзода ва Маҳмадтоир Зокирзода

Собирзода ба суолҳои Абдуҳалим Ғаффорзода ҷавоби дақиқ надода, танҳо гуфт, ки “даъват тибқи нақша идома дорад, ягон мушкилеро намебинем” ва қайд кард, ки “маблағи супоридаи ҷавонон ба либос, хӯрок, ҷойи хоби сарбозон ва инчунин сохтмони иншоот сарф мешавад”.

Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки аз посухи додаи муовини аввали вазири дифоъ қонеъ нест.

Дар идома Ғаффорзода аз шикояти сокинон аз облаваи донишҷӯён гуфт ва таъкид кард, ки ҳангоми даъвати ҷавонон ба артиш мушкилиҳое ҷой доранд, ки масъулон бояд чора бинанд.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин сарбоз шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби номусоид будани шароити сарбозӣ аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто аз назди донишгоҳҳо боздошт карда ба артиш мебаранд.

Бо вуҷуди ин ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ дар ҳар мавсим сабти даҳҳо ҳолати “облава” нашр мешавад, боз ҳам мақомот иддо мекунанд, ки “облава” дар кишвар вуҷуд надорад. Ин боис гашта, ки корбарон ва ҷомеаи мадании кишвар ин амали мақомдоронро ҳамеша мавриди баҳс қарор медиҳанд, аммо зоҳиран ин падида ҳал шуданӣ нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.