27.9 C
Dushanbe

Дидори сафирони Тоҷикистон ва Толибон

Сафирон фавқулъода ва мухтори Тоҷикистон ва Ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон бо ҳам мулоқот карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, 27-уми октябри соли 2024 Ардашер Қодирӣ, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Малайзия бо Нақибуллоҳ Аҳмадӣ, сафири Толибон дар Малайзия бо ҳам мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар ин чорабинӣ, ки бо пешниҳоди сафорати Афғонистон дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия сурат гирифтааст, сафирони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷону Русия низ иштирок кардаанд.

Дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо чанд акси хотиравии дастаҷамъӣ низ гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд. Дар яке аз ин аксҳо дида мешавад, ки Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар паҳлӯи рости Нақибуллоҳ Аҳмадӣ ҳузур дорад.

Ду моҳи пеш низ хабару гузоришҳое дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ нашр шуда буд, ки Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Кобул рафта, бо мақомоти Толибон мулоқот намуда, аз онҳо хостааст, ки чанд нафар аз гумоштаҳои боздоштшудаи амнияти Тоҷикистонро дар Афғонистон озод кунанд.

Пеш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, ки нимаи моҳи ҷорӣ сурат гирифта буд, хабару гузоришҳое ҳам нашр гардид, ки мақомоти Тоҷикистон аз Ҳукумати Толибон хоста буданд, то амнияти Эмомалӣ Раҳмонро аз он сӯи марзҳо таъмин кунанд.

Гуфта мешавад, ин ҳама мулоқотҳои расмӣ ва ғайрирасмии мақомоти Тоҷикистон бо намояндаҳои Ҳукумати муваққати Афғонистон бо роҳбарии Толибон дар дохил ва хориҷи ин кишвар дар ҳоле сурат мегиранд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон Таҳрики Толибони Афғонистонро як созмони террористӣ медонад ва ҳамагуна робитаҳои шаҳрвандони кишвар бо онҳоро манъ кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.