21.9 C
Dushanbe

ДИИШ масъулияти инфиҷори дирӯзаи Кобулро ба дӯш гирифт

Шохаи ДИИШ дар Афғонистон масъулияти инфиҷори рӯзи гузашта дар назди даромадгоҳи сафорати Русия дар Кобулро, ки боиси марги ду дипломати рус шуд, бар дӯш гирифт.

Расонаи “Ақмоқ” мансуб ба гурӯҳи даҳшатафкани ДИИШ хабар дод, ки амали инфҷори рӯзи 5-уми сентябр дар назди сафорати Русия дар Кобулро як узви ин гурӯҳ бо мақсади “нобуд сохтани душман” анҷом додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки “инфиҷори маргталабонаи Давлати исломӣ дар назди даромадгоҳи сафорати Русия беш аз 25 кушта ва захмӣ ба ҷо гузошт, ки дар байни онҳо ду корманди рус ва шуморе аз ҷосусҳояшон ҳастанд”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар минтақаи Доруламони Кобул, яке аз минтақаҳои амниятии пойтахти Афғонистон, назди даромадгоҳи сафорати Русия дар Кобул инфиҷори маргталабона рух дод, ки чандин кушта ва захмӣ ба ҷо гузошт.

Ба гуфтаи расонаҳо, бар асари ин таркиши бузург ду дипломати рус ҷон бохт. Дар пайи ин ҳодиса вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо вазири корҳои хориҷаи Толибон Амрихон Муттақӣ телефонӣ гуфтугӯ карданд. Муттақӣ ба ҷониби Русия итминон дода, ки нерӯҳои Толибон ба амнияти сафорати Русия дар Кобул “таваҷҷуҳи вежа” хоҳанд кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.