25.9 C
Dushanbe

Додгоҳи олии кишвар “ихвониҳо”-ро аз 5 то 23 сол равонаи зиндон кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 апрел тафтиши парвандаи тақрибан 120 нафаре, ки моҳи январи соли 2020 бо иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” (бародарони мусалмон) боздошт шуда буданд, ба анҷом расонда, ҳукми онҳоро эълон кард. Додгоҳ гумонбарони ин қазияро бо солҳои гуногун равонаи зиндон намуд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” рӯзи 12 апрел бо такя ба манобеаш навишт, ки ин арфод аз 5 то 23 сол маҳкум ба зиндон шуданд. “Танҳо ду нафар бо иттиҳоми “хабар надодан” ба пардохти ҷарима муҷозот шуданд”.

Ин афрод бо 3 банди моддаи 307 ва банди 1 моддаи 179-и Кодеси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд. Аммо то ҳол дар мавриди ин иттиҳомот назари худи маҳкумшудаҳо ва ё наздиконашон дастарс нест.

Як манбаъ ба “Аздо тв” бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, муҳоқимаи ин афрод паси дарҳои баста, ҳатто бе ҳузури наздиконашон сурат гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон соли гузашта зимни нишасти хабарие гуфта буд, ки парвандаи ин афрод муҳри махфӣ надорад ва паси дарҳои баста доир намегардад. Аммо вакилони дифои онҳо ба хотири “муҳри махфӣ” доштани парвандаҳо ба рӯзноманигорон чизе намегӯянд.

Гуфта мешавад, ин афроди боздоштшуда ҳамагӣ қишри босаводи ҷомеа буда, камтарини онҳо дорои маълумоти олӣ мебошад. Аксари онҳо, мутахассисони соҳаҳои гунонун, устодони донишгоҳҳо, номзадҳои илм, аспирантону докторон ҳастанд.

Мақомот ин боздоштҳоро мубориза бо терроризм унвон мекунад. Аммо созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар борҳо аз Тоҷикистон интиқод карданд, ки бо баҳонаи терроризм ва ифротгароӣ даст ба саркӯби равшанфикрон ва дигарандешон мезанад.

Номгӯи баъзе аз маҳкумшудаҳо:

1. Қаҳҳоров Исмоил соли таваллуд 1965, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Хатмкардаи риштаи адабиëтшиносии “Донишгоҳи Исломии Исломободи Покистон” бо дараҷаи магистр. Соҳиби якчанд маҷмӯаҳои шеърӣ, инчунин муҳаққиқи китоби “Маъдан-ул-ҳол”-и Мавлавӣ Ҷунунӣ, узви Иттифоқи Нависандагони шаҳри Ваҳдат (ҳукми зиндон: 22 сол).

2. Мирзоев Ҳикматуллоҳ соли таваллуд 1968, зодаи ноҳияи Файзобод, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 9 фарзанд. Муаллими калон ва омӯзгори забони арабӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ҳукми зиндон: 7 сол).

3. Сафаров Меъроҷиддин соли таваллуд 1984, зодаи ноҳияи Файзобод, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Доктори соҳаи забоншиносӣ, мудири кафедраи забонии арабии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ҳукми зиндон: 7 сол).

4. Сафаров Нуриддин соли таваллуд 1993, зодаи ноҳияи Файзобод. Хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо ихтисоси анколог-саратоншинос, ҷои кор дар беморхонаи Қарияи Боло (ҳукми зиндон: 5 сол).

5. Ҷабборов Хайруллоҳ соли таваллуд 1982, зодаи шаҳри Норак, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Хатмкардаи Донишгоҳи Африқоии Судон бо ихтисоси табиб ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо дараҷаи ординатура, духтури бемориҳои қалб дар беморхонаи Медгородок (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

6. Исоев Қадриддин соли таваллуд 1984, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Хатмкардаи факултаи Журналистикаи ДМТ ва унвоҷӯи ҳамин факулта, корманди Пажӯҳишгоҳи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

7. Алиев Убайдуллоҳ соли таваллуд 1985, зодаи ноҳияи Нуробод ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Докторанти факултаи таърихи ДМТ, мудири Маркази таълимии забономӯзии “Маърифат-2012” (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

8. Латифов Фатҳуллоҳ соли таваллуд 1986, зодаи ноҳияи Айнӣ, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Аспиранти факултаи Филологияи ДМТ, муаллими калони ҳамин факулта ва корманди Маркази тестӣ (ҳукми зиндон: 5 сол).

9. Қурбонов Маъруф соли таваллуд 1986, зодаи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Аспиранти факултаи Таърихи ДМТ ва собиқ устоди таърихи ДИТ (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

10. Яъқубов Тоҷиддин соли таваллуд 1978, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Номзади илми филология ва мудири кафедраи забони арабии факултаи Забонҳои Осиë ва Аврупои ДМТ (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

11. Ҷабборов Саъдуллоҳ соли таваллуд 1988, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак, оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Хатмкардаи Донишгоҳи Политехникӣ бо ихтисоси энергетик, барандаи ҷоизаи ихтироъкорони ҷавон барои тавлиди барқ аз васоили бодӣ ва корманди Нерӯгоҳи барқии обии Роғун (ҳукми зиндон: 5 сол).

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дархости мухлисони футбол аз “Барқи тоҷик”

Сокинони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз ширкати "Барқи тоҷик" талаб доранд, ки имшаб барои тамошои футболи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ан-Наср”- и Арабистони Саудӣ, барқро қатъ накунанд.

Чанд шаҳру ноҳия дар рӯзи аввал нақшаи даъватро иҷро карданд

Мақомоти ВМКБ, баъзе ноҳияҳои вилояи Хатлон ва вилояти Суғд хабар доданд, ки нақшаи даъватро дар як рӯз пурра иҷро кардаанд.

Баъди бо тухм задани Раҳмон, намоянданони ҳукумат дар нишасти САҲА ширкат мекунанд?

Нишастҳои навбатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон аз имрӯз, 2-уми октябри соли 2023 шуруъ мешавад.

Дар Тоҷикистон боздошти пайвандони мухолифон идома дорад

Бо гузашти се рӯз аз тазоҳурот ва бо тухм...