17.9 C
Dushanbe

Додситони кулли Қирғизистон Тоҷикистонро ба ҳуҷуми мусаллаҳона айбдор кард

Додситонии кулли Қирғизистон, Тоҷикистонро ба вайрон кардани як қатор созишномаҳои байналмилалӣ дар ҷараёни низои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар айбдор кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод Додситонии кулли Қирғизистон хабар медиҳад.

Додситонӣ аз рӯи далелҳои ҳуҷум ва “ҷиноятҳои дигар” парвандаи ҷиноӣ боз карда, изҳор доштааст, ки 29 апрел дар минтақаи Бодканд, гурӯҳҳои бандитӣ ва нерӯҳои Тоҷикистон “ба марзҳои Ҷумҳурии Қирғизистон хиёнаткорона ҳамла карданд”.

Ба иддаои Додситонии Қирғизистон, ҳамла бо истифода аз “автоматҳо, миномётҳо, чархболҳои ҷангӣ, мошинҳои зиреҳпӯш ва дигар навъҳои силоҳ” алайҳи аҳолии осоишта анҷом шудааст.

Ба гуфтаи додситонии Қирғизистон, Тоҷикистон талаботи оинномаи Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсони СММ-ро дар соли 1976, созишномаи таъсиси ИДМ-ро дар соли 1991, Эъломияи Алмаатои соли 1991, Эъломияи Маскавро дар бораи риояи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 1994 ва созишномаи соли 1996 дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст. Дар изҳорот қайд карда мешавад, ки чораҳои тафтишотӣ андешида мешаванд.

Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон барои оғози ҷанг алайҳи як гурӯҳ кормандони низомӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Субҳи 3 май хабар дода шуд, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон раванди хуруҷи қисмҳои низомии худро аз марз ба анҷом расонидаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29 апрел низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи нуқтаи тақсимоти оби Головной оғоз ёфт.

Сабаби сар задани муноқиша насб кардани як камераи назорати видеоӣ аз ҷониби Тоҷикистон  дар назди обанбор гуфта мешавад. Қирғизистон низ пештар дар ин минтақа камераи назорати видеоӣ насб карда будааст.

Тоҷикистон то ҳол омори расмии қурбониёнро ироа накардааст. Тибқи омори ғайрирасмӣ дар ин ҷанг аз Тоҷикистон беш аз 90 нафар маҷруҳ шуда, 16 нафар кушта шудаанд. Қирғизистон мегӯяд, шумораи қурбониёни муноқиша бо Тоҷикистон ба 183 нафар расидааст, ки 34 нафари онҳо фавтидаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.