10.9 C
Dushanbe

Додситонии кул ба зиндон маҳкум шудани Азиза Ҳайдароваро тасдиқ кард

Додситони кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба 10 соли зиндон маҳкуми шудани Азиза Ҳайдароваро тасдиқ карда, гуфтаҳои модари ӯро рад кардааст.

Дар ин иттилоия, ки рӯзи 6-уми январ дар сомонаи Додситони кулли Тоҷикистон нашр шудааст, гуфта мешавад, ки дар мурофиаи додгоҳӣ дар суди ноҳияи К.Мастчоҳ “тасарруфи хонаи як сокини шаҳри Хуҷанд” ва “қаллобии котибаи собиқ” аз ҷониби Ҳайдарова Азиза исбот шудааст.

Гуфтанист, Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки муфаттишон духтарашро ба зидди Рустам Саидаҳмадзода, додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ӯ низ дар боздошт аст, истифода карданӣ ҳастанд ва баҳси хона як баҳона аст. Ба гуфтаи модари Азиза Ҳайдарова, он хонаеро, ки ҳосили қаллобӣ меноманд се сол пеш бо пули дар Русия ба даст овардааш, харидааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд, ки “ҷиноятҳои содирнамудаи Ҳайдарова А.А. ба парвандаи ҷиноятӣ ва лаҳзаҳои айби эълонгардида нисбати собиқ судяи суди ноҳияи Б.Ғафуров Сайдаҳмадзода Р.С. ягон алоқамандӣ надорад”.

Ёдовар мешавем, ки Азиза Ҳайдароваи 23-сола,котибаи додраси собиқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рустам Саидаҳмадзода, рӯзи 10-уми июни соли ҷорӣ ба гумони қаллобӣ дастгир ва дертар ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Худи Азиза Ҳайдарова ва пайвандонаш ҳукмро ноодилона дониста, бозбинишяро талаб карданд.

Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июн дар Душанбе дастгир ва ба “додани хабари дурӯғ” ва “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” гумонбар дониста шудааст. Худи Рустам Саидаҳмадзода ин айбномаи мақомотро рад кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷангро Амрико шуруъ кард, аммо кӣ онро хотима медиҳад?

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон тайи ҳамлаи мушакии муштараки Амрико ва Исроил ба ин кишвар кушта шуд.

Суқути чанд ҳавопаймои ҷангии Амрико дар Кувайт

Вазорати дифои Кувайт рӯзи душанбе аз суқути чанд ҳавопаймои ҷангии Амрико дар хоки ин кишвар хабар дод. Вале маълум нест, шумори дақиқи ҳавопаймоҳо чандто аст.

Изи ВКД-и Тоҷикистон дар занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар Варшава

Дар пайи як занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Варшаваи Лаҳистон се зодаи Тоҷикистон боздошт гардида, як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт.

Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд

Субҳи рӯзи 28-уми феврали соли 2026 Амрико дар ҳамроҳӣ бо Исроил ҳамлаҳои низомии худро бар зидди Эрон оғоз карданд.