14.9 C
Dushanbe

Додситони Арнсберги Олмон муноқишаи блогеронро ба “Аздо тв” шарҳ дод

“Аздо тв” рӯзи 17 феврал барои таҳқиқ ва шарҳи бештари хабари муноқишаи блогерони тоҷики муқими Олмон ба пулиси шаҳри Дортмунд тамос гирифта буд ва онҳо барои гирифтани посух ба Додситони Арнсберг ҳавола карда буданд, рӯзи 21 феврал Додситони Арнсберги Олмон дар як паёми катбӣ ба пурсишҳои “Аздо тв” посух дод.

Томас Погел, сухангӯи Додситони Арнсберги Олмон навишт, ки парванда алайҳи 4 нафаре боз шуда, ки дар расондани осеби шадиди ҷисмонӣ гумонбар ҳастанд. “Сабаби сарзадани низоъ дар натиҷаи рӯбарӯ шудани ду ҷониб ба хотири нашри навор будааст. Баъд аз бозпурсӣ гумонбарон озод шуданд, аммо таҳқиқот идома дорад”.

Сухангӯи Додситони Арнсберги Олмон номи нафароне, ки бар зиддашон парванда боз шудааст, нагуфт.

Ёдрас мекунем, ки шаби 17 феврал дар шаҳри Соести Олмон байни чанд блогери тоҷик ҷанҷол сар зад, ки дар натиҷа он ба хушунат ва истифода аз силоҳи осебзо ё тапончаи газӣ анҷомид.

Блогер бо номи “Boroda TJ” дар наворе иддао кард, ки Сулаймони Орзу писари Муҳаммадкарими Орзу – узви аршади ҲНИТ ва блогери дигар бо номи “Абдураҳмон-09” ҳамроҳ бо чанд ҷавони тоҷики дигар бо ӯ муноқиша намуда, аз пушт ба гарданаш аз силоҳи осебзо тир холӣ кардаанд.

Худи ҳамон шаб пулис ҳамаи ширкаткунандагони муноқишаро, ки 8 нафар буданд, боздошт кард.

Муноқиша аз онҷо сар зада, ки блогери 35-сола ““Boroda TJ”, ки номи аслияш Музаффар Давлатов зодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст, дар наворе иддао мекунад Сулаймони Орзу нисбати ӯ таҳқиру бадгӯӣ кардааст ва ӯ барои ҳалли ихтилофашон Сулаймонро ба вохурӣ ё “разборка” даъват карда ҳузури ҳатмии ӯро низ шарт мегузорад.

Блогер Музаффар Давлатов дар он навор мегӯяд, ки Сулаймони Орзу ӯро дурӯғгӯ ва дурӯя номида, ҳамчунин чанд таҳқири дигарро низ нисбаташ раво дидааст. Аз гуфтаҳои Давлатов чунин бармеояд, ки Сулаймон ӯро пас аз бозгашташ аз Тоҷикисон ба дуруғгӯӣ муттаҳам намуда, ки аз шароити бади кишвар бардурӯғ таърифу тавсиф мекунад.

Дар пайи ин муноқиша як торнамои олмонӣ “soester-anzeiger.de” дар ин бора навишта, ки шаби чоршанбе (17 феврал) дар шаҳри Соест назди як филиали бонки “Sparkasse” чанд нафар занозанӣ кардаанд, ки пулис ҳамаи онҳоро боздошт кард.

Бино ба иттилои ин торнамо, пулисро дар бораи ин ҳодиса соати 1:41 дақиқаи шаби чоршанбе хабар додаанд, ки дар назди бонки Шпаркассе байни ҳашт мард муноқиша ба вуҷуд омадааст.

Дар хабари ин торнамои олмонӣ гуфта шуда, аз 8 нафаре, ки дар ин занозанӣ ширкат доштанд, танҳо яке аз онҳо сокини шаҳри Соест будааст ва 7 нафари дигари онҳо аз шаҳрҳои Бергкамен, Кирспе, Гуммерсбах, Дюсселдорф ва дигар шаҳрҳои вилояти Рейн-Вестфалияи Шимолӣ омадаанд. Ва пулис муайян карда, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Барои шарҳи ин қазия “Аздо тв” аз блогер Музаффар Давлатов (Boroda TJ) назар пурсид, ӯ гуфт, ки ҳолаташ хуб нест ва нахост дар ин бора сӯҳбат кунад, танҳо гуфт, ки кори пулис ҳоло идома дорад ва мунтазири қарори додгоҳ мебошад.

Аммо дар як навори видеоӣ ӯ гуфт, ки пулис ба онҳо дастур дода, ки тарафҳо бо ҳамдигар наздик нашаванд ва дар акси ҳол ҳар кадом барои 4 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.

Иштирокчии тарафи дигар блогер Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар Ютуб бо номи “Абдураҳмон-09” шинохта мешавад, қазияро ба “Аздо тв” шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар муноқишаи шаби чоршанбеи гузашта Музаффар Давлатов танҳо набуд, (чуноне, ки ӯ мегӯяд танҳо ба берун баромадааст), балки се нафари дигарро низ ҳамроҳ дошт ва баъзеи онҳо бо худ корд низ доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати Олии ҲНИТ зимни нашри баёнияе, муноқишаи хушунатомез байни блогерони тоҷик дар Олмонро шадидан маҳкум намуд ва таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз онҳо рабте ба ҲНИТ надоранд.

“Дар фазои маҷозӣ шахсиятҳои гуногуне мустақилона амал мекунанд ва мубориза бар зидди зулму беадолатиро ҳаққи худ медонанд, аммо аксарияти онҳо ба наҳзат рабте надоранд ва масъулияти амал ва гуфтаҳои онҳо бар души худашон аст.

Ногуфта намонад, ки робитаҳои хешовандӣ ва шахсии инсонӣ наметавонад муайянкунандаи  робитаи сиёсии афрод ва рабти онҳо ба ҳизбу гурӯҳҳои мухталиф бошад”, омадааст дар баёнияи расмии ҲНИТ.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.