Додситони кулли Тоҷикистон ҷинояти содиркардаи зердасташро дар қазияи марги Меҳрона Ноибова тасдиқ кард

Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода тасдиқ кард, ки дар робита ба марги пурсарусадои Меҳрона Ноибова, сокини 23-солаи ноҳияи Дарвоз, нисбат ба корманди собиқи Додситонии кул Фирӯз Саидзода парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Воҳидзода рӯзи 22 июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки алайҳи Фирӯз Саидзода, ки муфаттиши калони парвандаҳои махсусан муҳим буд, бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад. Ба гуфтаи Додситони кул, тафтиши парванда идома дорад.Ин модда барои чунин ҷиноят ҷазо дар шакли аз се то панҷ соли маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Меҳрона Ноибова рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и ноҳияи Дарвоз дар шароити мармуз ҷон бохт. Мақомоти тафтишотӣ то ҳол ин ҳодисаро ҳамчун худкушӣ таҳқиқ мекунанд.

Аммо наздикони Меҳрона ин фарзияро рад карда, мегӯянд, ки дар рафтор ва вазъи рӯҳии ӯ нишонае вуҷуд надошт, ки қасди худкушӣ дошта бошад. Ба гуфтаи пайвандонаш, дар суҳбате ба Радиои Озодӣ Меҳрона модари як кӯдаки бемор буд ва барои табобати фарзандаш талош мекард.

Хоҳари марҳум дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки Меҳрона бо Фирӯз Саидзода робита дошт ва бо даъвати ӯ ҳамроҳ бо чанд нафари дигар ба истироҳатгоҳи «Чорчаман» рафта буд.

Наздикони Меҳрона ҳамчунин мегӯянд, ки ба таҳқиқот эътимод надоранд ва ба ин боваранд, ки асли ҳодиса пурра ошкор нашудааст. Ба гуфтаи онҳо, барои қабули ривояти расмии худкушӣ ба хонавода фишор низ ворид мешавад.

Қазияи марги Меҳрона Ноибова аз оғози нашри ҷузъиёташ таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаро ба худ ҷалб карда, акнун бо тасдиқи боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи корманди собиқи Додситонии кул, баҳсҳо дар бораи ин ҳодиса боз ҳам бештар шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.