29.9 C
Dushanbe

Додситонии федералии Олмон алайҳи зодаи Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ДОИШ айб эълон кардааст

Додситонии федералии Олмон алайҳи зодаи Тоҷикистон Равшан Б., ки аз моҳи марти соли 2019 дар ҳабс қарор дорад, рӯзи 21 июл бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДОИШ) ва чанд ҷинояти дигар айб эълон кардааст.

Иттиҳом рӯзи 8 июл эълон шудааст. Дар ин бора сомонаи “Фергана.нюс” хабар медиҳад. Додситонӣ мегӯяд, ки шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон Равшан. Б бо ДОИШ ҳамкорӣ карда, дар пайи омода кардани амали террористӣ будааст. Ӯро ҳамчунин барои маблағгузории терроризм ва нақзи қонуни ҳамли силоҳ муттаҳам кардаанд.

Тибқи фарзияи тафтишот, Равшан. Б якҷо бо чанд сокини дигари Тоҷикистон дар Олмон бахши Давлати Исломиро аз январи соли 2018 созмон дода ва онро роҳбарӣ мекардааст. Ҳадафи ӯ, тибқи маълумоти расмӣ анҷом додани амалҳои террористӣ дар Аврупо ва дастгирии молиявии сохторҳои ДИ будааст. Гуфта мешавад ин гурӯҳ ҳамчунин бо лидерҳои ДИ дар Афғонистон ҳамкорӣ карда ва аз онҳо барои раҳнамоии маънавӣ ва нақшаҳои амалҳои террористӣ машварат мегирифтааст.

Додситонии Олмон гуфтааст, то имрӯз даст доштани Равшан Б. дар нақшаи нокоми сӯиқасд ба ҷони як соҳибкор дар Албания дар ивази 40 ҳазор евро, қасди куштори як мунтақиди Ислом бо фармони ДОИШ ва интиқоли 1000 евро ба ҷангиёни ДОИШ дар Сурия тавассути як гумошта дар Туркия собит шудаааст.

Барои анҷоми куштори мазкур Равшан дар охири феврали соли 2019 якҷо бо дигар аъзои гурӯҳ тавассути Австрия ба Албания меравад. Дар онҷо онҳо бо ду ҳаммаслаки чечентабори худ муваффақ ба дарёфти силоҳ шуда ва аз пайи “сайд”-и худ мешаванд. Аммо дар охирин лаҳзаҳо дар мавриди ҳуввияти “қурбонӣ” машкук мешаванд. Онҳо талош мекунанд, ки аз фармоишгарон  шахсияти ӯро мушаххас кунанд ва ҳамин тавр тавассути телефони моил акси ӯро мефиристанд, аммо муайян нокарда ба Олмон пас мегарданд.

Моҳи марти соли 2019 ҳамроҳи Равшан Б. 11 зодаи дигари Тоҷикистон низ дастгир шуда буданд, вале онҳоро баъдан раҳо карданд. Аммо рӯзи 15 апрели соли 2020 дар чорчӯби парвандаи Равшан Б. боз 4 зодаи Тоҷикистон – Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К. ва Сунатуллоҳ К. дастгир шуданд. Як зодаи дигари Тоҷикистон, Комрон Зуҳуров дар поёни моҳи апрел дар чорчӯби ҳамин парванда дар Албания дастгир шуд ва додгоҳи Албания алакай ҳукми истирдоди ӯ ба Олмонро содир кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.