21.9 C
Dushanbe

Ду варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии Анатолий Харлампиев сазовори медал шуданд

Бахшида ба ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев дар шаҳри Маскави Русия мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар намуди самбо баргузор гардид. Дар рӯзи аввали ин мусобиқа 2 варзишгари тоҷик сазовори медал шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи варзиши самбои Тоҷикистон дар ин мусобиқа паҳлавони ҷавони тоҷик Хушқадам Хусравов маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Анатолий Харлампиев гардид.

Хушқадам Хусравов дар вазни 64-кг ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, барои медали тиллоӣ мусобиқа бо намояндаи Ҷумҳурии Узбекистон Ҳомидҷон Муминов рақобат намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҷамшед Сафаров дар вазни 71-кг самбои размӣ сазовори ҷои сеюм шуд. Медали тиллои ин категорияи вазниро Стефан Кобенов аз Русия сазовор шуд.

Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ба хотираи Харлампиев 25 март дар шаҳри Маскави Русия оғоз шуда, 26 март (имрӯз) ба анҷом мерасад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.