13.9 C
Dushanbe

Эълони ҳукми зиндони чанд тан аз зодагони Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон ҳукми зиндони чанд тан аз зодагони Бадахшонро, ки дар пайи ҳодисаҳои ахири ин вилоят аз ҷониби кормандони интизомии кишвар боздошт шуда буданд, эълон кард.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, Ғуломалӣ Абдураҳмонов, писари 33-солаи яке аз раҳбаронии мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Толиб Аёмбеков, рӯзи 5-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби додгоҳи вилоятӣ ба ҳукми абад маҳкум шудааст.

Додгоҳ ҳукми Ғуломалиро пушти дарҳои баста эълон карда, ӯро бо 5 моддаи Кодекси ҷиноиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “куштор” (қатли генерали КДАМ Абдулло Назаров дар соли 2012), “авбошӣ”, “нигоҳ доштани силоҳ” ва “муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо” гунаҳкор донистааст.

Кормандони КДАМ-и вилоят Ғуломалиро рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ ҳамроҳи бародари хурдиаш Ҳасаналӣ боздошт кардаанд.

Додгоҳи вилоятӣ баъди як ҳафтаи боздошт, Ҳасаналӣ Абдураҳмонови 25-солара ба айбҳои “авбошӣ” ва “нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ” гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ғуломалӣ ва Ҳасаналӣ Абдураҳмоновҳо дар рафти мурофиаҳо иттиҳомоти нисбаташон эълоншударо рад карда, гуфтаанд, ки ин ҷиноятҳоро содир накардаанд.

Наздиконашон боздошт ва ҳукми додгоҳро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд ва онро ба идомаи саркӯбҳои мақомоти тоҷик алайҳи мардуми Бадахшон рабт додаанд.

Дар ҳоли ҳозир худи Толиб Аёмбеков, ду бародар ва се писараш дар боздошт қарор доранд.

Гуфта мешавад, Хайримамад Дӯстмамадов, сокини маҳаллаи “Хлебзавод”-и Хоруғ низ дар баробари писари Толиб Аёмбеков, Ғуломалӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Ӯ ба кадом моддаҳои КҶТ айбдор шудааст, то ҳол маълум нест.

Додгоҳ сокини маҳаллаи “Бизмич”, Аслан Гулобовро низ иштирокдори қатли генерал Абдулло Назаров дар соли 2012 эътироф карда, барои якумра равонаи зиндон намудааст.  

Pamir Daily News ҳамчунин хабар дод, ки як сокини дигари маҳаллаи “Хлебзавод”, Собир Акбаршоев бар асоси қисми дуюми моддаи 307 барои “ташкили созмони ифротӣ” ба 10 соли зиндон маҳум шуда ва сокини дигари маҳаллаи “Бизмич” Азим Гулобов ба 18 соли зиндон маҳкум гардидааст. Додгоҳ Азим Гулобовро ба узвият дар созмони ҷиноӣ ва қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир гунаҳкор донистааст. Худи Азим Гулобов дар додгоҳ ин иттиҳомоти нисбаташ эълоншударо рад кардааст.

Азим Гулобов бародари хурдии Ниёзшо Гулобов, ки рӯзи 12 июн дар чорчӯби амалиёти зидди лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон дастгир шуда буд, мебошад.

Толиб Аёмбеков, Холбаш Холбашев ва Ниёзшо Гулобов

Инчунин рӯзи 3-юми августи соли ҷорӣ, дар боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе мурофиаи парвандаи пурсарусадои генерал Холбаш Холбашев ва ҳудуди 70 нафари дигаре, ки дар “парвандаи Рӯшон” мегузаранд, оғоз ёфт. Мақомот Холбаш Холбашевро ба 11 моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ гумонбар медонад.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин ҳукмҳои тӯлонии эълоншудаи додгоҳҳоро алайҳи зодагони Бадахшон расман шарҳ надодааст.

Пештар аз ин, мақомоти Тоҷикистон Муслим Шерзамонов, халифа Музаффар Давлатмиров, Амриддин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев ва чанд тани дигар аз зодагони ВМКБ-ро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.