Эълони оташбас миёни Афғонистон ва Покистон

Ду кишвари ҳамсоя – Афғонистон ва Покистон пас аз панҷ рӯзи даргирии мусаллаҳонаи бесобиқа оташбаси муваққат эълон карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон рӯзи панҷшанбе, 16-уми октябр эълон кард, ки пас аз даргириҳои хунин бо Афғонистон, ки боиси кушта ва захмӣ шудани беш аз 100 нафар аз ду тараф гардид, бар сари оташбаси муваққат тавофуқ карданд.

Покистон мегӯяд, оташбас бо дархости Кобул анҷом шудааст, аммо сухангӯи Толибон Забиҳуллоҳ Муҷоҳид дар суҳбате бо хабарнигорон таъкид кард, ки ин оташбас “бо исрори тарафи Покистон” анҷом шуд. Ӯ афзуд, ки нерӯҳои Толибон дар ҳоле оташбасро риоят мекунанд, ки “нерӯҳои покистонӣ даст ба таҷовуз назананд.”

Гуфта мешавад, байни ин ду кишвар дар даргириҳои қаблӣ сулҳе ба даст омада буд, аммо боз сулҳ нақз шуд ва ин ҳамлаҳо аз ду тараф оғоз гардид. Покистон бо нашри наворҳое аз ҳамлаи ҳавоӣ бар пойгоҳҳо ва таҷҳизоти низомии Толибон дар вилояти Қандаҳори Афғонистон, ки бо Покистон ҳаммарз аст, хабар дод. Ин даргирии муҷаддад аз субҳи рӯзи чоршанбе оғоз ёфта буд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин хунинтарин даргирӣ миёни ду кишвари ҳамсоя пас аз ба сари қудрат омадани Толибон аз соли 2021 дар Кобул аст.

Гуфта мешавад, ин даргирии ахир пас аз он оғоз шуд, ки Исломобод аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон талаб кард, ки аъзои Таҳрики Толибони Покистонро, ки дар хоки Афғонистон ҳузури фаъол доранд ва аз паноҳгоҳҳои ин кишвар алайҳи Покистон ҳамлаҳо анҷом медиҳанд, боздошт кунад.

Аммо ҳукумати Толибон дар Кобул ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки Покистон бо иттилооти нодуруст ва бо баҳонаи носанҷидаи ҳузури нерӯҳои ДИИШ-ӣ ва толибонӣ дар хоки Афғонистон, дар пайи тазъифи амният ва ҳокимияти ин кишвар аст.

Кишварҳои минтақа ва созмонҳои ҷаҳонӣ аз шиддат гирифтани танишҳо байни ин ду кишвар ҳушдор медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, идомаи даргириҳо миёни Афғонистон ва Покистон метавонад минтақаро бесубот гардонад ва барои ҷои по пайдо кардани гурӯҳҳои ДИИШ ва “Алқоида”, ки дар ҷустуҷӯи маконанд, кумак кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Поёни анъанаи сисолаи муҳоҷират

Сӣ сол аст тамоми системаҳои иқтисоди Тоҷикистон — аз буҷаи хонавода то иқтисоди миллӣ — дар асоси як фарзия сохта шудаанд: Муҳоҷир ҳамеша метавонад ба Русия биравад.

Баҳсбарангезтарин Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз шуд

Рӯзи 11-уми июн Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки пеш аз оғозаш баъзе тимҳои миллӣ, доварон ва варзишгарон бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд расман оғоз гардид.

Боздошти як навраси муҳоҷир дар Русия бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони дигарон

Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷии 16-сола бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони ду нафар дар вилояти Маскав хабар доданд.

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.