Эмомалӣ Раҳмон: Бо сатр пӯшидан асабиам накунед!

Эмомлаӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни ироаи паёмаш ба парлумони кишвар, махсус аз сатру либоси занони мусалмон интиқод кард.

Раисҷумҳур дар ин суханронияш тарзи либоспӯшии занон, аз ҷумла сатрпӯшии онҳоро эрод гирифта, эҳтироми падару модар ва тарбияи фарзандонро ба адои фаризаи ҳаҷ баробар кард.

“Бонувони азиз, дар пӯшидани либос асабонӣ накунед, шукронаи ҳамин давлат кунед! Шукронаи ҳамин сарзамини биҳиштосо кунед! Бо иффат бошед! Падару модаротона, хусуру хушдоманотона иззату эҳтиром кунед ва фарзандонатона тарбияи хуб намоед, ҳамин мешавад ҳаҷ!“-, мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин ба онҳое, ки ба пойтахт меоянд ва либоси хуб намепӯшанд, интиқод кард ва занони сатрпӯшро низ аз ҷумлаи ин гурӯҳ хонд: “Маданияти либоспӯширо фаромӯш накунед, … ҳоли аксарият аз гирду гӯшаи мамлакат ба пойтахт меоянд, мебахшед, дар опйҳош шилансӣ, дар сар сатр кардагӣ, пойҳо то зону ялаққос карда, нохуно ранг кардагӣ, инро чӣ мефаҳмем? Ин шариатӣ аст ё ин ки дунявӣ аст, чӣ аст?“, таъкид мекунад Эмомалӣ.

Раисҷумҳури кишвар ҳамзамон ба қишри диндори кишвар хитоб карда, афзуд, ки “Шукронаи ин мамлакати озода кунед озод, мехоӣ ҳаҷ меравӣ, мехоҳӣ масҷид меравӣ, намозата мехонӣ, рӯзата мегирӣ, чӣ мефората? Мехоҳӣ хон, мехоҳӣ мадраса, марҳамат.“

Ӯ таъкид мекунад, ки мадраса рафтеду дониши исломӣ омӯхтед, ҳаҷ ҳам рафтед, “зиёдаравӣ” накунед. Ба назари ӯ, занҳо бояд либоси миллӣ пӯшанд, зеро модару бибиҳои мо бо либоси миллии худ ҳам фарҳангро ҳифз мекарданд ва ҳам шариатро.

Аммо ба назари коршиносони динӣ, чунин гуфтанҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам бори сиёсӣ дорад ва ҳам аз нафрати ӯ нисбат ба дидну диндорон ҳикоят мекунад. Ба гуфтаи онҳо, раисҷумҳур набояд сатру либоси исломиро “либоси бегона” бидонад. Чун таърихи беш аз ҳазорсолаи мо бо ин дин ҳамроҳ аст ва наметавон сатру ришро тарғиби фарҳанги бегона донист, дар ҳоле ки тамоми бузургони илму адаби тоҷик саллаву риш доштанд. Инкори сатру ҳиҷоб инкори ҷузъи таърих ва фарҳанги худи миллати тоҷик аст.

Ин бори аввал нест, ки Эмомлаӣ аз сатрпӯшии занони тоҷик интиқод мекунад, солҳост, ки худи ӯ шахсан бар зидди ришу сатр ва шиорҳои исломӣ муборизаи беамон мебарад.

Аз ҷумла, манъи вуруди то 18-сола ба масҷидҳо, манъи вуруд ба донишгоҳу идораҳои давлатӣ бо ришу сатр, зиндонӣ кардани ҳазорҳо диндор бо иттиҳоми ифротгароӣ аз ҷумлаи ин “заҳамоташ” дониста мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле аз озодона рафтан ба масҷидҳо ва адои ибодатҳо мегӯяд, ки ҳар сол вазъи озодии динӣ дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои қаблӣ бадтар арёзбӣ мешавад. Вазорати хориҷии Амрико ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар гузориши ахирашон дар бораи озодии диндорон ва риояи ҳуқуқи онҳо Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои “нигаронкунанда” шомил карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.