25.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон боз ба ширкатҳои наздиконаш сабукӣ дод

Ҳукумати Тоҷикистон бо сардории Эмомалӣ Раҳмон ду ҳавопаймои ширкати “Сомон -Эйр”-ро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод кард.

Раидои Озодӣ хабар дод, ки 7-уми апрел қарори ҳукуматро дастрас кардааст. Ва дар он муҳлати ворид кардани ду ҳавопайморо, ки ширкати “Сомон Эйр” бояд имсол ворид мекард, тамдид кард. Дар қарор омадааст, “ширкати “Сомон Эйр” ҳақ дорад, ду ҳавопаймои “Боинг 737-800”-ро то 30-юми августи соли 2026 ба кишвар биорад.”

Дар зимн, ҳукумати кишвар бо ин қарор таъкид карда, ки ширкати “Сомон Эйр”, ки марбут ба додараруси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода аст, “аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми овардани ҳавопаймоҳо озод аст.”

Маълум нест, маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукии ду ҳавопаймо чӣ миқдор аст ва Ҳукумат ҳам дар қарораш мисли ҳамеша онро мушаххас накардааст.

Ин бори аввал нест, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои бузурги марбут ба наздикони хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонро аз пардохти андозҳои ҳангуфт озод мекунад. Аз ин пештар чанд маротиба Ҳукумат меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”, ки ба Раҳматуллоҳ Саъдуллоев, додараруси дигари Эмомалӣ Раҳмон ва бародари Ҳасан Асадуллозода таттллуқ дорад, аз андоз озод карда буд.

Меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”, ки дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе воқеъ аст, беш аз 18 сол аст, ки аз андози арзиши иловашуда, андоз аз даромад ва боҷи гумрукӣ озод аст.

Тавре маълум аст, ҷараёни сохтмони бинои ин меҳмонхона, ки аз моҳи марти соли 2006 идома дорад ва ҳоло ҳам маълум нест, ки он ба охир расидааст ё на, вале Ҳукумати кишвар ҳар сол онро аз пардохти боҷу андозҳо озод мекунад, дар ҳоле, ки соҳибкорон ва ширкатҳои дигар чунин имтиёзе надоранд.

Харҷи сохтмони бинои меҳмонхона 30 миллион доллар арзёбӣ шуда ва он бояд дар якуним сол сохта ва ба истифода дода мешуд. Ва то ҳанӯз маълум нест ба куҷо анҷомид.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ширкатҳои наздикони Эмомлаӣ Раҳмон дар Тоҷикистон бо вуҷуди миллионҳо сомонӣ қарздор будан аз барқу андоз, боз ҳам барояшон имтиёзҳои зиёде дода мешавад, ки дигар ширкатҳо ва соҳибкорон аз он маҳруманд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.