Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз қаллобӣ ва заминфурӯшӣ пешгирӣ кунед

Президенти Тоҷикистон ба прокурорҳое, ки нав вазифа гирифтанд, гуфт, аз қаллобӣ ва заминфурӯшӣ пешгирӣ кунанд ва дар муддати як сол ду забони хориҷӣ омӯзанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 14-уми феврали имсол Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо “кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти прокуратура таъиншуданд”, мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар ҷамъи касоне, ки имрӯз вазифаи нав гирифтанд, “муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якум ва муовини прокурори вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, прокурори ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, прокурори шаҳри Роғун, прокурори ноҳияи Нуробод, ҳамчунин сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ” ҳузур доранд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки “Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кадрҳои таъиншуда ва ҳамаи кормандони дигари соҳаи прокуратура доир ба назорати татбиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз он, бахусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ ва заминфурӯшӣ дастуру супоришҳо дода”-аст.

Ин супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат гирифта, ки 19-уми январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои амният раҳбарони ниҳодҳои мақомоти қудратӣ, аз ҷумла прокуратура дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва бархе дигар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба бемасъулиятӣ муттаҳам карда гуфта буд, ки “баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул кардани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарони мақомот” даст задаанд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба фарқ аз солҳои гузашта, имсол дар идораҳои давлатӣ ва бахусус ниҳодҳои вобаста ба мақомоти қудратӣ ва интизомии кишвар ба сурати гурӯҳӣ мансабдоронеро, ки дар вазифаҳои раҳбарӣ дар раёсату шуъбаҳои ин ниҳодҳо кор мекарданд, аз мансаб барканор ва дар ҷои онҳо кадрҳои дигареро ба вазифа таъйин кард. Ба гуфтаи таҳлилгарон ин иқдоме буд, ки дар Тоҷикистон камсобиқа аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.