Эмомалӣ Раҳмон назорати маросимҳои диниро сахттар мекунад

Имрӯз, 12-уми марти соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони сохторҳои қудратӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ масъалаи сахттар кардани назорат ва танзими ҷашну маросимҳои мардумию диниро баррасӣ кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, ки имрӯз раисҷумҳур барои татбиқи амалии дастуру супориш ва пешниҳодоте, ки 9-уми март зимни мулоқоташ бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин садо дода буданд, машварати корӣ ташкил кард.

Гуфта мешавад, дар ин нишасти машварати корӣ роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент, Додгоҳи олӣ, Додситонии кул, вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар ширкат доштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зердастони худро супориши қатъӣ дода, ки барои амалӣ кардани пешниҳодоти фаъолон дар бораи пешгирӣ аз баъзе маросиму нишастҳои мардумӣ ва динӣ, аз ҷумла ҳоҷибинону ҳоҷиталбон чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда, ки “барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузаронидани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ, аз ҷумла маросими ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос” аз ҳамаи имконоти мавҷуда бояд истифода шавад.

Аммо мунтақидони ҳукумати кишвар мегӯянд, назорату сахтгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҷашну маросимҳо бештар хусусияти зиддидинӣ дошта, маросимҳои пурхарҷи зиёде ҳастанд, ки ранги динӣ надоранд, ба онҳо таваҷҷуҳе намешавад.

Чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз фаъолони тоҷик маросимҳои динӣ ва бахусус аз афзоиши шумори зоирони хонаи Худо барои адои умра ва ё ҳаҷҷи фарзӣ интиқод мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, афзоиши зоирони хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ нишони бегонапарсӣ ва тарғиби фарҳанги бегона аст. Аммо дигарон дар вокуниш ба ин назарҳо мегӯянд, тоҷик бештар аз 30 сол аст, ки дар Русия ва дигар кишварҳо муҳоҷир аст ва ҳоло ин раванд дар ҳоли афзоиш аст, вале ҳукумат талош намекунад, то барои пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва ё тарғиби фарҳанги бегона ҷои кор барои сокинон дар дохили кишвар муҳайё созад ва мардум ба кишварҳои бегона муҳоҷир нашаванду солҳо онҷо зиндагӣ накунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.