34.9 C
Dushanbe

Эрон ба СҲШ пайваст

Аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) Ҷумҳурии исломии Эронро ба узвияти комилҳуқуқи ин созмон пазаруфтанд.

Акс аз нишасти СҲШ дар Душанбе

17-уми сентябр, Амир Абдулоҳиён, Вазири хориҷии Эрон гуфт, Эрон ба узвияти СҲШ пазируфта шуд. Абдулоҳиён дар Твиттер навиштааст, ки “бо камоли хурсандӣ акнун санади узвияти доимии Ҷумҳури исломии Эрон дар Созмони ҳамкори Шонгҳой дар шаҳри Душанбе бо ҳузури раисҷумҳури муҳтарами кишварамон ба тайиди сарон расид”.

Эрон солҳои тӯлонӣ ба ҳайси узви нозири СҲШ буд ва интизор мерафт узвияти Эрон дар соли 2017 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ба тайид сарони ин созмон мерасид, аммо бо мухолифати Тоҷикистон узвияти Эрон то имрӯз ба таъхир уфтод.

Раисҷумҳури Русия зимни суҳбати онлайни худ дар ин конфронс аз пазируфтани Эрон ба узвияти СҲШ ҳимоят кард ва гуфт мо ҳамеша ҷонибдори пайвастани Эрон ба СҲШ будем ва ҳузури Эрон дар раванди тавсеъаи ҳамкориҳои ин созмон бисёр муҳим аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.