7.9 C
Dushanbe

Фаъол шудани моддаи 99 СММ Исроилро хашмгин кард

Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо истифода аз салоҳияти худ моддаи 99-и маншури ҷаҳонии ин созмонро фаъол кард.

Гуфта мешавад, Гутерриш вобаста ба вазъияти бади инсонӣ дар Ғазза аз ин салоҳияти қонунии худ, ки хеле кам рух медиҳад, кор гирифт, то барои ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани оташбаси доимӣ ва ворид кардани маводи ғизоӣ ба Ғазза болои Шӯрои амнияти СММ фишор ворид кунад.

Ин модда, ки дар торихи СММ ҳамагӣ 9 маротиба фаъол шудааст, аз салоҳиятиҳои Дабири кулли ин ниҳод аст, ки ҳар лаҳза эҳсоси зери хатар қарор гирифтани “амният ва сулҳи ҷаҳонӣ” кунад, метавонад бо фаъол кардани ин модда аъзои Шӯрои амнияти СММ-ро барои ҷаласаи фаврӣ даъват кунад ва аз онҳо бихоҳад, то қарори изтирориеро дар ин маврид бигиранд.

Гутерриш рӯзи 7-уми декабр дар ҳисоби “Х”-аш бо нашри паёме навишт, ки “Бори аввал аст, ки ҳамчун Дабири кулли СММ моддаи 99 ин ниҳодро фаъол мекунам. Бо назардошти хатари аз кор афтодани системаҳои кумакрасонии инсонӣ дар Ғазза, ман аз Шӯрои амният мехоҳам, ки пеши роҳи як фоҷеаи инсониро бигирад ва хоҳиш мекунам як оташбаси инсондӯстонаи фаврӣ эълом кунад.

Пас аз ин иқдом Гутерриш аз ҷониби сафири Исроил дар СММ Ҷалъод Эрдон мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Намояндаи Исроил гуфт, ки Антонио Гутерриш аз “доираи ахлоқӣ” берун баромадааст ва бояд аз мансаби Дабири кулли СММ истеъфо бидиҳад.

Намояндаи Исроил иддао карда, ки кишвараш бо “террористҳо” дар ҷанг аст ва Дабири кулли СММ аз онҳо ҳимоят мекунад.

Ин бори аввал нест, ки намояндаи Исроил истеъфои Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Антонио Гутерришро талаб мекунад. Қаблан ҳам замоне ки Дабири кул аз вазъи инсонӣ дар Ғазза интиқод кард ва гуфт, ки “Ғазза ба қабристони кӯдакон мубаддал шудааст“, талаби истеъфои ӯ аз ҷониби намояндаи Исроил садо дода буд. Гутерриш дар он изҳороташ гуфта буд, ки “Ҳуҷуми ҲАМОС ба Исроил аз фароғ ба вуҷуд наомадааст“. Зоҳиран манзураш муҳосираи шадиди Исроил бар Ғазза аст, ки солиёни дароз идома дорад. Ҳамчунин ӯ дар идома афзуд, ки “ҳамлаи ҲАМОС ин ҳақро ба Исроил намедиҳад, ки даст ба қатли оми мардуми Ғазза, бахусус кӯдакон бизанад.

Аммо дар баробари ин, аксари кишварҳои ҷаҳон аз ин инқдоми Гутерриш ҳимояти худро эълом карданд. Аз ҷумла, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҷозеф Боррел аз кишварҳои ин иттиҳодия хост аз тасмими Дабири кулли СММ ҳимоят кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи ҳамлаи ҲАМОС ба шаҳракнишинони Ғазза дар 7-уми октябри соли ҷорӣ Исроил ҳамлаҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳамоии худро шуруъ кард ва то кунун идома медиҳад. Бино ба иитилои Вазорати беҳдошти Фаластин, то кунун бар асари ҳамлаҳои Исроил болои Ғазза беш аз 16 ҳазор нафар кушта шудаанд, ки 70 дарсади онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд. Ва ҳамчунин омори захмиён марзи 43 ҳазорро гузаштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.