23.9 C
Dushanbe

Фарзандони Маҳмурод Одинаевро ҳам ба авбошӣ муттаҳам карданд

Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистонро додситонии шаҳри Ҳисор ба авбошӣ муттаҳам кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Додситонии Ҳисор Ризоевро бо иттиҳоми ҳаракатҳои қасдона барои нишон додани муқобилият ба кормандони интизомӣ тибқи моддаи 237, қисми 2, бандҳои “б” ва “в” (авбошӣ) айбдор кардааст.

Пайвандони Ҳабибулло Ризоев ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ аст, аммо парвандааш барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст. Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари дигари Маҳмурод Одинаев низ бо ҳамин иттиҳом дар боздошт қарор дорад.

Ҳабибулло Ризоевро барои гуё ба бетартибӣ дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор айбдор кардаанд. Аз ҳодисае, ки мақомот мегӯянд, моҳи октябри соли гузашта ва замоне ки Ҳоҷиакбар, писари дигари Маҳмурод Одинаевро ба артиш бурданӣ буданд, иттифоқ афтода буд.

Пештар аз ин Додситонии кулли Тоҷикистон сабаби боздошти Маҳмурод Одинаевро дар он гуфта буд, ки моҳи октябри соли 2020 дар назди комиссариати ҳарбии Ҳисор гуё “дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.”

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешаванд, Маҳмурод Одинаев моҳи октябри соли гузашта дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор иддао кард, ки писараш Ҳоҷиакбар Одинаев биноии чашмаш заиф аст ва ӯро ғайриқонунӣ ва зуран бо услуби одамрабоӣ (Облава) барои хидмат дар сафи Қуваҳои низомӣ бурдаанд.

Худи Маҳмурод Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Ӯ пеш аз боздошт мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябри соли 2020 дар саҳифаи фейсбукиаш мардумро ба тазоҳурот даъват кард.

Ӯро пас аз даъвати гирдиҳамоӣ ба шӯъбаи ВКД шаҳри Ҳисор даъват карданд ва ба гуфтаи пайвандонаш баъд аз ҳозир нашудани Одинаев ба шӯъбаи ВКД-и Ҳисор ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд. Одинаев аз таърихи 20 ноябр ба муддати ду ҳафта бедарак буд ва ҷои будубошашро касе намедонист.

Ду ҳафта ғайб задани Маҳмурод Одинаев ҳадсу гумонҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард. Чун чанд рӯз пеш аз бедарак шуданаш ин мухолифи ҳукумат дар саҳифаи фейсбукиаш аз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои гирдиҳамоӣ дар назди Қасри Президент иҷозат хоста буд.

Давоми ду ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзияҳои гуногуни ғайб задани муовини раиси ҲСДТ пайдо шуд. Баъзе аз корбарон бар ин назар буданд, ки Маҳмурод Одинаев дар яке аз таҳхонаҳои шӯъбаҳои ВКД дар пойтахт нигоҳдорӣ мешавад ва раҳбарияти ВКД ин ҳамаро аз ҷомеа пинҳон медорад.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дошт. Ӯ вақтҳои ахир аз фишори мақомот алайҳи худу хонаводааш бисёр мегуфт.

Айни ҳол Маҳмурод Одинаев дар СИЗО-и рақами яки Душанбе қарор дорад. Ба гуфтаи пайвандонаш танҳо баъди се ҳафта ҷойи нигаҳдории ӯро дақиқ карданд.

Пештар мақомот хабар дода буданд, ки Маҳмурод Одинаев дар боздоштгоҳи Ҳисор аст ва парвандаи ӯро мақомоти ин шаҳр баррасӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.