Фаврӣ! Ҳалокати беш аз 10 нафар дар як шаб дар шаҳри Ваҳдат

Дар шаҳри Ваҳдат шаби 27-уми августи соли ҷорӣ бар асари борандагии шадид ва омадани селҳо 11 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҳалокшудагон, ки 3 нафарашон зан ва 8 нафари дигари онҳо мард гуфта мешавад, сокинони деҳаи Сириштии ҷамоати деҳоти Симинганҷи шаҳри Ваҳдат будаанд. Сокинони ин деҳа ду нафари дигарро аз дохили мошин зинда берун овардаанд.

Сел ба ҷамоатҳои Симинганҷ, Ромит ва Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат осеби ҷиддӣ расондааст. Ба иттилои “Ховар”, зиёда аз 100 хонавода аз сокинони ин ҷамоатҳо муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари омадани селҳо талафоти ҷонӣ дар дигар навоҳии кишвар низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рӯдакӣ ду нафар ҷон бохта, ба чанд иншооти дигар хасорат ворид шудааст.

Ҳамчунин бархе манобеъ мегӯянд, сел ҳатто ба шаҳрҳои Ҳисор, Душанбе ва ноҳияи Варзоб низ хасорат ворид кардааст, вале аз талафоти ҷонӣ гузорише нашудааст. Инчунин дар бораи зарарҳои умумии воридшуда аз ин селҳои шадиди дирӯза ниҳодҳои дахлдори кишвар то ҳанӯз гузориш надодаанд.

Ҳамзамон дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд наздики 30 мошини сабукарв зери лой мондаанд. Гуфта мешавад, ҳоло гурӯҳи наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар ба мошинҳои дармонда кумак мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми август дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво борандагӣ буд. Бар асари он дар минтақаҳои кӯҳии кишвар борандагии шадид ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа селҳо ба вуҷуд омада, хеле ҷойҳоро хароб кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.

Иқтисод рушд мекунад, вале қарзҳо ҳам зиёд мешаванд. Чаро?

Президент мегӯяд, иқтисод 7,8% рушд кардааст, вале намояндагони ҳукумат дар Лондон барои ҷалби сармоя бо бонкҳо ва муассисаҳои молӣ гуфтушунид доранд.

Бо дахолати Амрико Лукашенко 25 маҳбуси сиёсиро озод кард

Пас аз муокирот бо намояндаи вежаи Амрико, мақомоти Беларус 17-уми сентябр 25 маҳбуси сиёсиро аз зиндон озод карданд.

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.