Хабар ТОҶИКИСТОН

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар Тоҷикистон пеш аз муҳлат пурра иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи 15-уми ноябр, яъне 15 рӯз пеш аз муҳлати муқарраргардида, пурра иҷро шудааст, аммо шумораи умумии ҷавонони ҷалбшуда ва теъдоди даъватшавандагоне, ки ихтиёран ба хизмат рафтаанд, гуфта нашудааст. Тибқи иттилои ин вазорат, имсол нахустин шуда шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон […]

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар Тоҷикистон пеш аз муҳлат пурра иҷро шуд Акс: AI

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи 15-уми ноябр, яъне 15 рӯз пеш аз муҳлати муқарраргардида, пурра иҷро шудааст, аммо шумораи умумии ҷавонони ҷалбшуда ва теъдоди даъватшавандагоне, ки ихтиёран ба хизмат рафтаанд, гуфта нашудааст.

Тибқи иттилои ин вазорат, имсол нахустин шуда шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъватро ҳанӯз дар рӯзи аввали маърака иҷро карданд. Баъд аз онҳо шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд низ аз анҷоми нақша хабар додаанд.

Бояд гуфт, маъракаи даъвати тирамоҳӣ аз 1-уми октябр оғоз шуда, бояд то охири моҳи ноябр идома меёфт. Дар ин мавсим ҷавонони солҳои таваллуди 1999–2008, яъне аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳарбӣ даъват шуданд.

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҳоле пеш аз муҳлат иҷро мешавад, ки тибқи маълумоти қаблан нашркардаи Вазорати мудофиа, дар рӯзи аввали маърака нақшаи умумии даъват дар кишвар 55 дарсад ва дар даҳ рӯзи аввал 84 дарсад иҷро шуда, то 3-юми ноябр, яъне дар як моҳи аввали даъват, иҷрои нақша ба беш аз 97 дарсад расида буд.

Мақомоти кишвар пурра иҷро шудани нақшаро дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар рӯзҳои аввал ба зиёд шудани шумори ҷавонони ихтиёрӣ ва ба корҳои фаҳмондадиҳии комиссияҳои даъватӣ рабт медиҳанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ, мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш бо роҳҳои гуногун ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб шудааст эълон кунанд, ки нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳар мавсим даҳҳо наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мегардад, ки дида мешавад, кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ҳамроҳи мақомоти амният ва интизомӣ ба хонаҳои мардум зада медароянд ва ё дар кӯчаҳо ба зӯр аз дасту бозуи ҷавонон дошта, онҳоро кашон-кашон ба мошинҳои худ савор мекунанд. Чунин рафтори ғайриқонунии мақомоти дахлдор ҳамасола мавриди интиқоди шадиди ҷомеа қарор мегирад, вале давоми беш аз 30 сол аст ҳеч ниҳоде наметавонад пеши роҳи чунин рафтори авбошонаи масъулини низомӣ ва амниятиро бигирад.

Солҳои охир мақомот дар баробари сарбозшикор аз роҳҳои дигар низ истифода мебаранд, аз ҷумла барқро дар баъзе деҳаҳо пурра қатъ мекунанд ва бар ивази додани барқ сарбоз ё пул талаб мекунанд ё ҳуҷҷати ронандагӣ бар ивази хидмат медиҳанд ва ё наздикони сарбозонро асир мегиранду латтукӯб мекунанд.

Ба назари таҳлилгарон, яке аз сабабҳои гурезон шудани ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ин бадрафторӣ бо сарбозон ва ҳатто кушта шудани ҷавонон бар асари латтукӯб дар қимсҳои низомии кишвар мебошад.

Ва чанд соли охир масъулони Вазорати мудофиаи кишвар ғайричашмдошт вуҷуди мушкилотро дар ин соҳа эътироф карда, аз зердастони худ хоста буданд, ки зимни даъвати ҷавонон ба артиш даст ба қонуншиканӣ назананд.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки то дар системаи Вазорати дифоъ тағйироти куллӣ сурат нагирад, бо дастуру супоришҳо ин мушкилот бартараф нахоҳанд шуд.

Мавзӯъҳои марбут