31.9 C
Dushanbe

Фаврӣ! Бобои Донаи 80-сола аз зиндон озод шуд

Имрӯз 23 апрел Дониёр Набиев, пирамарди 80-сола, собиқ узви (ҲНИТ), ки моҳи августи соли 2020 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон боздошт ва бо гуноҳи расондани кумак ба хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ барои 7 сол равонаи зиндон шуда буд, озод шуд.

Радиои Озодӣ аз қавли наздикони Бобои Дона иттилоъ дод, ки ҳоло пирамард аз зиндони шаҳри Ваҳдат раҳо шуда, дар хонааш қарор дорад. Ба гуфтаи пайвандонаш, чанд вақти охир Бобои Дона дар беморхонаи зиндон бистарӣ будааст.

“Қисме аз ҷазояш бар асоси қонуни охирони афв кам шуд ва додгоҳ пиронсоливу бемориашро ба инобат гирифта, ӯро аз идомаи ҷазо дар маҳбас озод карданд. Ҳоло бояд ба табобаташ машғул шавем, чун бемории сил дорад”,- гуфт як тан аз наздикони ӯ ба Озодӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар аввали боздошти ин пирамард қазияи ӯро шарҳ намедод. Баъд аз гузашти 4 моҳи боздошт мақомот бо фишори ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаи маданӣ рӯзи 8-уми январи имсол қазияи ӯро шарҳ дод. Дар шарҳи мақомот гуфта мешуд, ки узви собиқи ҲНИТ бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик ба зиндон маҳкум шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Дониёр Набиевро рӯзи 27-уми августи соли 2020 дастгир карда, муҳокимаи ниҳои ӯ чаҳор моҳ баъд рӯзи 28-уми декабр паси дарҳои баста дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ин узви пешин ва солманди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро додгоҳ ба 7 сол зиндон маҳкум кард. ҲНИТ дар баёнияе ҳама иттиҳомотро сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани ин пирамарди бегуноҳ донист.

Баъд аз зиндонӣ шудани Бобои Дона чандин созмонҳои бонуфузи байнамиллалии ҳомии ҳуқуқи башр, аз ҷумла Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё “Human Rights Watch” ҳабси Набиевро маҳкум карда озодии ӯро тақозо карда буданд. Парвандаи ин пирамард аз пурсарусадотарин парвандаҳои ахир дар Тоҷикистон буд, ки сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати кишварро зиёд танқид карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.