26.9 C
Dushanbe

Фаврӣ: Эътирози сокинон дар Хорӯғ ба хушунат кашида шуд

Наворҳои ахир аз шаҳри Хорӯғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки эътирози сокинон дар маркази ин вилоят ба

Акс аз сафҳаи Додоҷони Атовулло аз Фейсбук

Дар ин наворҳо дида мешавад, ки ҷамъе аз сокинон барои додхоҳӣ аз раҳбарият ва мақомоти вилоят ҷанозаи марҳум Гулбуддин Зиёбековро кафанчек карда, рӯйи дастонашон мебаранд, то ба суолҳои худ посух бигиранд ва бифамҳманд, ки чаро ин ҷавонро куштаанд, аммо аз тарафи муқобил баҷои ҳарфи онҳоро шунидан, ба сӯи онҳо тир холӣ мекунанд.

Бо ин ҳол, ҳанӯз маълум нест, ки тирҳои парронда шуда, тирҳои воқеӣ будаанд ё тирҳои резинӣ ба хотири пароканда кардани ҷамъи эътирозгарон.

Тибқи гуфтаи манбаи Аздо тв аз Хорӯғ, шаби 24-ум ба 25-уми ноябри соли ҷорӣ Гулбуддин Зиёбеков, як сокини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хонаи истиқоматиаш тавассути кормандони прокуратураи вилоят аз ноҳияи сараш парронда шуд.

Аммо Маркази матбуоти прокуратураи ВМКБ баракс худи Зиёбековро гунаҳкор дониста, мегӯяд, ӯ чандест дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

“Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар  деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.”, – омадааст дар хабари маркази матбуоти ВМКБ.

Манбаи Аздо тв аз ВМКБ ин иддаои мақомотро рад карда, мегӯяд, ки мақомоти кишвар мехоҳанд бо роҳҳои зӯроварӣ ва кушодани парвандаҳои сохта мардум ин вилоятро зери итоати худ дароваранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.